Лаҳзаи сарозер шудани зинапояи ҳавопаймои "Уральские авиалинии" ба навор афтод - Навор

Обуна шудан
Дар шаҳри Барнаули Русия шаш нафар ҳангоми воридшавӣ ба ҳавопаймо аз зинапоя сарозер шуданд. Қисми болои зинапоя ҳангоми боло шудани мусофирон шикастааст

Имрӯз дар фурудгоҳи шаҳри Барнаули Русия дар пайи шикастани нардбони ҳавопаймо шаш нафар афтиданд. Ҳодиса соатҳои 7:30 бо вақти маҳаллӣ рух дод.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудааст, дида мешавад, ки мусофирон ба ҳавопаймо ворид мешаванд. Ҳавопаймои мазкур ба Маскав парвоз дошта, ба ширкати "Уральские авиалинии" тааллуқ доштааст.

Чанд нафар дар нардбон навбат меистоданд, ки ногаҳон он сарозер мешаваду одамон меафтанд. Кормандони фурудгоҳ ба кӯмаки мусофирон мешитобанд.

Дар пайи ҳодиса се нафар маҷрӯҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтаанд.

Аз рӯйи ҳодиса тафтишот оғоз шуда, ҳавопаймо пас аз ду соат ба Маскав парвоз кардааст.

Лентаи хабарҳо
0