UFC: Ҷонс ва Смит - навори лаҳзаҳои беҳтарини муҳориба

Обуна шудан
Муҳорибаи асосии UFC 235 дар Лас-Вегас бо пирӯзии Ҷон Ҷонс бар Энтони Смит ба анҷом расид

Варзишкори амрикоӣ Ҷон Ҷонс унвони қаҳрамони "UFC"-ро дар вазни нимвазнин ҳимоя карда, бар ҳарифаш Энтони Смит пирӯз шуд.

Дар навор дида мешавад, ки варзишкор Ҷонс дар рафти муҳориба аз ҳарафаш тавонотар буд ва пирӯзии мутлақро ба даст овард. Бозӣ дар панҷ давра баргузор шуда, ҳакамон бо як овоз пирӯзиро ба Ҷонс сазовор донистанд.

Ҷон Ҷонс - қаҳрамони UFC ҷавонтарин қаҳрамон дар торихи ин ташкилот аст. Ҷонс дар чор сол 7 маротиба унвони қаҳрамониашро дифоъ кардааст.

Моҳи апрели соли 2015 роҳбарони UFC ӯро аз унвони қаҳрамонӣ маҳрум карданд ва аз ҳуқуқи иштирок дар муҳорибаҳо маҳрум сохтанд. Дертар ин таҳримот аз вай бардошта шуд.

Лентаи хабарҳо
0