01:36 15 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Видео

Видеои сӯҳбати Меҳрона аз оштӣ бо хола, ихроҷ аз коллеҷ ва муҳаббати аввал

Гирифтани линки кӯтоҳ
745 0 0

Меҳрона Ғайбуллоева аз Тоҷикистон бори дигар ба Маскав барои санҷиши истеъдоди худ омад

"Ман ба Маскав барои дидор дӯстонам омадам. Барои пирӯзӣ наомадаам", - мегӯяд духтар.

Пас иштирок дар "Ту беҳтаринӣ!" ҳаёти Меҳрона тағйир ёфт. Ӯро вақти бозгашт бо эҳтиром пешвоз гирифтанд. Ҳатто мухлисони худро пайдо кард.

"Албатта, ман хуро як ситораи хурдакак ҳис мекунам, - мегӯяд Ғайбуллоева. Гоҳо ман чунин вонамуд мекунам, ки ситора ҳастам. Лекин, албатта, на ҳама вақт. Акнун маро зуд-зуд барои ҳунарнамоӣ ба чорабиниҳо даъват мекунанд. Бештари онҳоро қабул мекунам, аммо баъзан ин пешниҳодҳоро рад мекунам. Зеро вақт надорам, кор мекунам".

"Ман дар шаш тарабхона овозхон шуда кор мекунам. Дар ҳар яке нимсоатӣ дар як рӯз ҳунарнамоӣ мекунам. Маҷбурам. Зеро то ҳол иҷоранишинам ва барои хона харидан маблағ ҷамъ меоварам", - мегӯяд вай.

Меҳрона бо холааш, ки модар мегӯяд, оштӣ кард.

"Ман фаҳмидам, ки дар бештари нофаҳмиҳо худам гунаҳкор будам. Таассуф мехӯрам, ки бо модарам 3 сол ногапӣ будам. Ӯ маро тарбия кардааст. Хело хурсандам, ки мо оштӣ кардем. Модарам маро бахшид ва ман ҳам ӯро бахшидам. Ӯ маро дӯст медорад, ман ҳам ӯро. Ман беақлии зиёде карда будам ва пушаймонам. Ҳоло мисли дугонаем. Бале! Ман аз ӯ чизеро пинҳон намекунам. Ӯ дӯстдоштаи маро мешиносад ва хуб қабул кард", - меафзояд Меҳрона.

Меҳрона, ки дар шаш ҷо кор мекунад, аз коллеҷ ихроҷ шудааст. Духтар умед дорад, ки имсол барқарор мешавад.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ