Гурбаи гапзан “открой дверь” гуфт – видеои боварнокарданӣ

Обуна шудан
Дар интернет навори гурбае нашр шудааст, ки аз пушти дар ба ҷои мияв-мияви муқаррарӣ овози бисёр монанд ба “открой дверь”-ро мебарорад

Тибқи навори нашршуда, гурба дар пеши дар садое берун мекунад, ки бисёр ба зорикунии “открой дверь” монанд аст. Дар мияв-мияви монанд ба гапзании инсон оҳанги норозигии гурба низ ба гӯш мерасад.

Кошка спасла щенка - видео - Sputnik Тоҷикистон
"Одамгари"-и ҳайвонот: гурба сагро наҷот дод - навори таъсирбахш

Дар ҳамин ҳол бархе аз шореҳон дар асл будани ин овоз шубҳа карда, изҳор доштаанд, ки соҳибони зирак ин садои монанд ба сухани инсонро зимни таҳрир бандубаст кардаанд.

Аммо бархеи дигар ба донотарин ҳайвон будани гурбаҳо пойфишорӣ кардаанд.

Гурба дар баробари саг яке аз ҳайвонҳои маъруфи хонагӣ мебошад, ки бисёри инсонҳо дар манзилашон нигоҳубин мекунанд. Барои қадршиносии ин ҳайвон ҳамасола дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон рӯзи махсуси гурба таҷлил мешавад, ки дар Русия ин ид ба 1 март рост меояд.

Феълан дар ҷаҳон ҳудуди 600 миллион гурбаи хонагӣ, ҳудуди 200 навъи он он ба қайд гирифта шудааст, ки аз пашмдарозҳо то бепашмҳоро дар бар мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0