20:36 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Видео

Навори қабл аз марги ҷуфти ҷавон аз Русия – қурбониёни суқути ҳавопаймо дар Ҳабашистон

Гирифтани линки кӯтоҳ
357 0 0

Екатерина ва Александр Поляковҳо, ҳамсарони 28-сола аз Русия, ки дар пайи суқути ҳавопаймо дар Ҳабашистон ҷон доданд, қабл аз фоҷиа наворе нашр намудаанд

Дар пайи суқути ҳавопаймои “ Ethiopian Airlines” дар Ҳабашистон 157 нафар, аз ҷумла се шаҳрванди Русия - Екатерина Полякова, Александр Поляков ва Сергей Вяликов ҷон доданд.

Катя ва Саша Поляковҳо солҳои охир дар Маскав истиқомат карда, дар “Сбербанк” кор мекардаанд. Онҳо ошиқи ҳамдигар ва сайру сайёҳат будаанд ва ҳар таътил ба қитъаҳои гуногуни ҷаҳон мерафтаанд.

“Расо як сол қабл ба Осиё рафтем ва феълан дар Африқо парвоз дорем. Ин бори дигар нишон медиҳад, ки сарҳаду чаҳорчӯбаҳоро барои худ мо худамон мекашем”, - навиштааст Екатерина дар саҳифааш дар Инстаграм чанд соат қабл аз фоҷиа.

Сергей Вяликови 33-сола, қурбонии дигари фоҷеа аз Русия мураббӣ дар варзиши парашютӣ будааст.

Дар маҷмуъ бар асари суқути ҳавопаймои “Ethiopian Airlines” дар Ҳабашистон, ки субҳи якшанбе аз Аддис Абеба ба Найробӣ парвоз дошт, 149 мусофир аз 35 кишвари ҷаҳон ва 8 тан халабону хидматрасонҳо ба ҳалокат расиданд.

Бино ба гузориши расонаҳои хабарӣ, дар ҳавопаймо шаҳрвандони Кения, Канада, Ҳабашистон, Итолиё, Чин, ИМА, Бритониёи Кабир, Фаронса, Миср, Олмон, Ҳиндустон, Словакия, Австрия, Шветсия, Русия, Марокаш, Испания, Исроил, Лаҳистон, Белгия, Сербистон, Норвегия, Ирландия, Индонезия, Яман, Уганда, Руанда, Судон, Сомалӣ, Того, Мозамбик, Тунис, Арабистони Саудӣ, Ҷибутӣ, Непал ва Нигерия парвоз мекарданд.

Барчаспҳо:
ҳавопаймо, қурбониён, шаҳрванд, Ҷаҳон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ