05:37 20 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Видео

"Гаппартоии" Николай Басков ба Юлдуз Усмонова-видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
1116 0 0

Николай Басков, ки муҷрии консерт бахшида ба ифтитоҳи майдони Humo Arena буд, ба сарояндаи машҳур Юлдуз Усмонова луқмапартоии ҳазломез карда, ҳамаро ба ханда овард

"Юлдуз вақте ман сурудҳои шуморо мешунавам, гуё оши палав мехӯрам",-гуфт Басков.

Аз навор намоён аст, ки Юлдуз пас аз шунидани ин луқмапартоӣ ба ханда омад.

Рӯзи 15 март дар Тошканд майдони бузурги Humo Arena ифтитоҳ шуд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Дар маросими кушодавашии майдон варзишкорони узбак, ситораҳои варзиши ҷаҳонӣ ва ҳунармандони эстрадаи Русия ширкат карданд.

Ҳунармандон ҳамаи имконоти майдонро дар рӯи як саҳна нишон доданд. Яке паси дигар саҳнаро гоҳо ба майдони шиноварӣ, гоҳо ба майдони футболбозӣ ва ринг бадал мекарданд. 

Шоу бо ҳунарнамоии ситораҳои эстрадаи Русия-Филипп Киркоров, Дима Билан ва Николай Басков ба анҷом расиду, ҳунарнамоии қаҳрамони олимпӣ Татяна Навка бо саҳани "Щелкунчик" тамошобинонро ба ваҷд овард.

Мавзуъ

Цвет настроения синий: дар Узбакистон нахустин майдони бузурги Humo Arena ифтитоҳ шуд
Ҳунарнамоии серӯзаи Юлдуз Усмонова дар Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ