09:24 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Видео

Волидайн кӯдакро аз панҷара раҳо карда натавонистанд, аммо саг роҳи ҳалро нишон дод–навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
312 0 0

Вақте, ки писарчаи хурдсол сарашро вориди панҷара кард ва дар он ҷо дармонд, ба таври ногаҳонӣ роҳи раҳоиро пайдо карду берун шуд

Кӯдакон аслан бисёр кунҷкоб мешаванд ва ҳамеша мехоҳанд дар бораи ҳар чизи наве, ки мебинанд чизе донанд. Писарчаи дар навор буда, низ хост санҷад, ки агар сарашро вориди торҳои девори панҷарагӣ кунад чӣ мешавад.

Дар навор дида мешавад, ки сари писарча дар дохили торҳои панҷара дармондааст.

Ба ёрии писарча падараш мешитобад ва зиёд кӯшиш мекунад, ки писарашро раҳо кунад, аммо мутаасифона коре карда наметавонад.

Дар навор дида мешавад, ки дар он ҷо ду саги дигар низ ҳаст. Сагҳо ба аҳволи кӯдак худро бе тараф нишон дода натавонистанд. Яке аз сагҳо бо панҷааш кӯдакро ба пеш тела ҳам кард, яъне роҳи ҳалро нишон доданӣ мешуд.

Шояд волидайн дар бораи як хусусияти кӯдакон, ки сарашон аз дигар қисматҳои ҷисмашон калонтар мешавад, фаромӯш кардаанд.

Дар охир кӯдак аз волидайн дида тезтар роҳи раҳоиро пайдо карда аз панҷара берун шуд.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ