09:24 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Видео

Худатро дор: Ҳабиб дар бораи занги Путин ва насиҳаташ ба ӯ

Гирифтани линки кӯтоҳ
1771 0 0

Президенти Русия Владимир Путин пас аз муҳорибаи Ҳабиб бо Конор ба варзишкор занг задааст. Ӯ ба Нурмуҳаммедов маслиҳат додааст, ки бояд эҳсоси худро идора карда тавонад

Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммедов дар мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи иқтисодии Русия ҷузъиёти сӯҳбаташ бо раисҷумҳури кишвар Владимир Путинро бозгӯӣ кардааст.

Раисҷумҳур ба вай пас аз муҳорибаи овозадораш бо Конор Макuрегор дар моҳи октябри соли гузашта дар октябр занг мезанад.

Пас аз майдон ба Нурмуҳаммедов хабар медиҳанд, ки "пас аз чанд дақиқа ба вай Владимир Владимирович занг мезанад".

"Владимир Владимирович аз ман пурсид, ки корҳоям чӣ хел аст? Ман гуфтам, ки мешавад, дар муҳосира нишастаем. Аз мо гурехта наметавонанд. Вай таъкид карда, ки бояд дар ҳар гуна ҳолат худамро дошта тавонам. Он лаҳзаҳо аҷиб буданд, ба ман худи президент занг зад", - гуфтааст варзишкор.

Варзишкор дар ҳамин мулоқот Макгрегорро бо зани рашкин ташабеҳ дод.

Моҳи март Макгрегор бори дигар дар бораи тарки размҳои омехта эълом кард.

"Ӯ аз он варзишкороне ҳаст, ки фикрашро иваз мекунад. Пагоҳ мегӯяд бозмегардад ва ҳама дар бораи ҳамин менависанд. Бо UFC барои шартнома мувофиқа накард ва хост бо ин роҳ нишон диҳад, ки онҳо ӯро аз даст медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки варзикори ирландӣ, собиқ чемпиони UFC Конор Макгрегор эълон кард, ки аз майдони ҳунарҳои размии омехтаи ММА меравад.

 

 

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ