17:26 25 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Видео

Алексей Воробев: на ҳар вақт пирӯзӣ бештар аз шикаст роҳкушоӣ мекунад

Гирифтани линки кӯтоҳ
60 0 0
© Sputnik

Овозхон ва ҳакамони озмуни мусиқии "Ту беҳтаринӣ!" Алексей Воробев гуфт, ки чигуна иштирокдорони озмун бояд шикастро паси сар кунанд

Овозхони номии рус Алексей Воробев, иштироккунандаи озмуни "Евровидение-2011" яке аз ҳакамонҳои озмуни "Ту беҳтаринӣ!" барои кӯдакони ятим ва бесрпараст мебошад. Озмун тарҳи муштараки телевизиони НТВ ва оҷонсии байналмилалии Sputnik мебошад.

Воробев дар мусоҳиа бо Sputnik ба иштирокдорони "Ту беҳтаринӣ!" аз таҷрибаи овозхониаш гуфт.

"Ман дар озмунҳои зиёде иштирок кардаам. Медонам, ки ширкат дар онҳо то кадом андоза ҳаяҷоновар аст. Пирӯзӣ чӣ ҳаловате дораду шикаст чигуна дилшикаста мекунад. Ман хуб мефаҳмам, ки иштирокдорон аз кадом мушкилиҳо мегузаранд. Муҳимаш онҳо бояд дарк кунанд, ки на ҳар вақт пирӯзӣ бештар аз шикаст роҳҳоро мекушояд. Гоҳо маҳз шикаст такони бузурге ба пешравӣ медиҳад", - таъкид мекунад ҳунарманд.

Ба гуфтаи овозхон дар ин озмун касе мағлуб намешавад.

"Ҳамаи кӯдаконе, ки ин ҷо меоянд, аллакай истеъдоди фавқуллодае доранд", - меафзояд Воробев.

Аммо ба гуфтаи вай, ҳарчанд интихоби яке аз кӯдакон мушкил бошад ҳам, онҳо бояд дарк кунанд, ки шарти озмун ҳамин аст.

"Мо касеро аз озмун ихроҷ намекунем. Аммо шарти ҳама гуна озмунҳо ҳамин аст, бояд якеро интихоб кард", - тавзеҳ медиҳад вай.

Алексей Воробев ба иштирокдорони "Ту беҳтаринӣ!" муваффақият хостааст ва таъкид намудааст, ки иштирок дар ин озмуни байналмилалӣ имконияти бузургеро фароҳам меорад.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ