03:25 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Видео

Кӣ дар олимпиадаи созмони "Нур" пирӯз шуд-навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
375 0 0
© Sputnik

Донишомӯзони синфҳои 5-11 дар Маскав дониши худро аз фанҳои гуногун санҷиданд.

Рӯзи 7 апрел маросими пӯшидашавии олимпиадаи 3-юми кӯдакони муҳоҷирони тоҷик дар Маскав, баргузор шуд. Дар он ғолибони олимпиада эълом шуданд.

Донишомӯзони пирӯз аз ҷониби созмони "Нур" бо ифтихорнома қадрдонӣ шуданд.

Сулаймонов Порсо аз ҳамаи фанҳо баландтарин баҳо гирифт. Ӯ бо туҳфаи вижа қадрдонӣ шуд. Барои Порсо як соли таҳсил дар маркази таълимии ба номи Ломоносов аз чор фан бепул шуд.

Ҳамчунин 29 донишомӯзи дигар ҳам дар марказ соҳиби тахфиф шуданд.

Пас аз қисми расмӣ наврасон ба сари дастархон даъват шуданд, ки ҳар яке натиҷаҳои худро дар олимпиада баррасӣ мекард.

Даври III Олимпиадаи созмони  "Нур" 2019 аз 25 март то 5 апрел аз рӯи 11 фан баргузор шуд, ки дар он  350 донишомӯз аз синфи 5 то 11 ширкат кард.

Чуноне раиси созмони "НУР" Баймамадов Алимамад гуфт, "Кумитаи маорифи созмони "НУР"  бо баргузории олимпиада фаъолияти худро қатъ накарда боз дигар тарҳҳоро роҳандозӣ хоҳад кард".

Боймамадов: олимпиада садди равониро аз кӯдакони муҳоҷирон дур мекунад

Мудири намояндагии Бунёди Оқохон дар Русия Дорғабекова Давлатсултон, президенти Федератсияи муҳоҷирати Русия Коженов Вадим Викторович ва мудири маркази таълимии ба номи Ломоносова Гусов Константин Вячеславович аз меҳмонони маросим буданд.

Онҳо қадри донишро дар ҷомеаи муосир таъкид карда, ба наврасон маслиҳатҳо доданд.

Мавзуъ

Созмони "Нур" дар Маскав олимпиадаи мактабӣ баргузор мекунад

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ