07:30 26 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
© Facebook / Zogo

Меҳмонони тӯй дар Чин шоҳиди саргузашти аҷибе шуданд. Дӯстдухтари домод ба тӯй омаду арӯс қаҳр карда рафт

Дӯстдухтар пас аз имзои домоду арӯс ба саҳна баромада, аз дасти домод мекашад.

Аз навор бармеояд, ки дӯстдухтар худро барои тӯй пурра омода кардааст, либоси арӯсӣ ва мӯйҳои орододашуда. Дӯстдухтар худро дар назди домод чорзону зада хоҳиш дорад, ки ба назди ӯ бозгардад.

Аз навор дида мешавад, ки домод бо суханони пасту баланд бо дӯстдухтар ҷанг дораду мехоҳад ӯро пеш кунад.

Саг намегузорад, ки домод ба ҳуҷраи арӯс дарояд-навори хандаовар

Арӯс ин саргузашти "Лайливу Маҷнун"-ро тоқат накарда бо сари баланд қаҳр карда рафт.

Ин навор дар интернет паҳн шудааст. Маълум шуда, ки дар натиҷа дӯстдухтар тӯйи дӯстдоштаашро вайрон кардааст.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ