Аввал арӯс аз домод гурехт, охир домод аз арӯс - навори рӯзи тӯй

Обуна шудан
Навори ҷанҷоли арӯсу домод дар рӯзи тӯй чандест, ки дар интернет чарх мезанаду аз он ҳазорон корбар тамошо кардаанд

Ҷавонон қадам ба остонаи САҲШ нагузошта, бо ҳам муноқиша карданд. Шоҳидони ҳодиса низ аз ҷонҷони арӯсу домод шигифтзадаанд.

Дар навор дида мешавад, ки духтар дар тан пироҳани ҷашнӣ аз Лимизуни сафед берун мешавад ва роҳи гурезро пеш мегирад. Домод кӯшиши дарёби духтарро мекунад.

Байни онҳо радду бадали шадиде ба миён меояд.

Ин ҷо бештар овози арӯс баланд мешавад, домод кӯшиш мекунад, ки ба зан чизеро фаҳмонад, аммо дар ҳамин вақт, арӯс бо дастаи гул ба рӯи ҷавон мезанад.

Духтар аз ҷавон мегурезад ва эҳтимол, гумон мекунад, ки ҷавон боз аз пасаш меравад, аммо пас аз чанд қадам гузоштан, пай мебарад, ки касе нест. Ӯ боз доду фарёд бардошта, ин дафъа худаш аз паси ҷавон медавад. Саранҷом ба худраве нишаста ҷои ҳодисаро тарк мекунад ва кинои "зинда" ба анҷом мерасад.

Аз гуфтори онҳо маълум мешавад, ки арӯс Фотима ном дорад. Аммо дар куҷо рух додани ҳодиса маълум нест.

Ин аввалин навори аҷиб аз маросими тӯйи арӯсии ҷавонон нест.

Гузоришҳои пештараро аз пайванди зер метавонед тамошо кунед.

Лентаи хабарҳо
0