10:37 18 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Видео

Ашкрезии Назарбоев ва хандаи Тоқаев дар ҷамъбасти ҷаласаи ҳизбӣ - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
762 0 0

Ашк дар чашмони Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури нахустини Қазоқистон зимни ҷамъбасти ҷаласаи ғайринавбатии ҳизби ҳокими “Nur Otan” ҳалқа зад

Тибқи наворҳои нашршуда Назарбоев зимни садо додани суруд дар ҷамъбасти ҷаласаи ҳизби ҳоким ашк рехту бо дастонаш чанд бор онро пок намуд.

Дар ин ҷаласа Қосим – Жомарт Тоқаев аз ҳизби ҳоким ҳамчун номзад дар интихоботи раисиҷумҳури Қазоқистон пешниҳод шуд.

 Интихоботи раисиҷумҳури Қазоқистон 9-уми июн дар назар аст. Аз номзадии Тоқаев дар ҷаласаи “Nur Otan”   623 вакили иштироккунанда, аз ҷумла худи Нурсултон Назарбоев ҷонибдорӣ намуданд.  

Шоми 19 март раисҷумҳури ҳамакнун пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар муроҷиат ба мардум эълом кард, ки ба истеъфо меравад.

Феълан, то интихоботи президентӣ дар Қазоқистон масъулияти раисҷумҳурӣ бар дӯши раиси пешини Сенати парлумон Қосим-Ҷомарт Тоқаев аст. Духтари Назарбоев - Дариға Назарбоева дар мақоми роҳбари Сенат ҷойгузини Тоқаев гашт.

Барчаспҳо:
ҳизби ҳоким, ҷаласа, Нурсултон Назарбоев, Қазоқистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ