01:43 21 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
© RUPTLY.

Дар интернет наворе паҳн шудааст, ки дар он гурбае санҷобҳои ятимро баробари фарзандони худ шир медиҳад

Дар Қрим гурбае барои санҷобакони ятиммонда модар шудааст.

Намояндагони гӯшаи ҳайвонот мегӯянд, онҳо санҷобакҳои ятиммондаро ёфта, қарор карданд ба назди гурба баранд, дар акси ҳол марги санҷобакон аз гушнагӣ ҳалок мешуданд.

Дар навор як падидаи бисёр аҷибро дидан мумкин аст. Санҷобакон ҳамроҳи гурбачаҳо якҷо шир мемаканд.

Гурба ба санҷобакони ятиммонда чун модари ҳақиқӣ меҳрубонӣ мекунад. Ӯ сари санҷобаконро сила карда, дар зери қаноти худ мехобонад. Саҷобакҳо ҳатто ҷо ҷо гурбаҳоро тела дода, худро дар фазои хонаводаи нав, бароҳат ҳис мекунанд.

Дар навор хонаводаи аҷибе дида мешавад-се санҷобак ва чаҳор гурбача.

Фазои хонавода бисёр дӯстона ба назар мерасад ва чунин менамояд, ки ин хонавода аз қадим якҷо ба сар мебарад.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ