Роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон"-ро дар Маскав Путин роҳбарӣ кард

Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин якҷоя бо сокинони Маскав акси падараш дар даст дар "Ҳанги ҷовидон" роҳпаймоӣ кард

Владимир Путин дар маросими "Ҳанги ҷовидон" якҷоя бо сокинони Маскав ширкат варзид.

Вай дар даст акси падар дар кӯчаҳои марказии Маскав роҳпаймоӣ намуд.

Инчунин тоҷикони муқими Маскав дар ҳайъати алоҳида дар "Ҳанги ҷовидон", ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор шуд иштирок доранд.

Рӯзи нӯҳуми май дар кӯчаи марказии Маскав ба муносибати таҷлили 74-солагии Рӯзи Пирӯзӣ наздики ҳазор тоҷик ҷамъ омада, то майдони Сурх роҳпаймоӣ карданд.

Нахустин бор тоҷикони Маскав соли 2016 ба аксияи "Ҳанги ҷовидон" ҳамроҳ шуда буданд.

Солҳои қабли дар роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон" наздик ба ҳазор намояндагони Тоҷикистон бо аксҳои бобоёни худ қадам зада буданд.

Лентаи хабарҳо
0