07:40 23 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Видео

Сурудхонии куштигири тоҷик дар телевизиони Русия ва шӯхиҳои Басков - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
382 0 0

Фахриддин Ҳакимов, ҷавони 27-сола аз шаҳри Истаравшани Тоҷикистон, дар барномаи “Ну-ка, все вместе”-и телевизиони Русия беш аз 90 ситораи шоу-бизнеси ин кишварро тасхир ва водор ба ҳамовозӣ кард

Ҳакимов қабл аз сурудхонӣ гуфт, номзад ба унвони устод дар муҳорибаи юнонӣ – римӣ мебошад, аммо баъди лат хӯрдани сутунмуҳра варзиши касбиро тарк намуду ҷиддан ба мусиқӣ машғул шуд.

Ӯ гуфт, мехоҳад, нишон диҳад, ки тоҷикон на танҳо дар сохтмон, балки дар саҳнаҳои бузург низ тавони ҳунарнамоӣ доранд.

“Дар мавриди тоҷикон бовари шахшуда роиҷ шудааст, ки танҳо сохтанро метавонанд, аммо имрӯз мехоҳам нишон диҳам, ки инчунин дар саҳнаҳои бузург низ метавонанд ҳунарнамоӣ кунанд”, - изҳор дошт Ҳакимов.

Николай Басков, овозхон ва барандаи маъруф дар пайи зикри Ҳакимов аз варзишкорияш, ба доварон ҳазломез хитоб кард, ки ӯ шуморо ҳушдор дод.

Овозхони тоҷикистонӣ гуфт, мехоҳад нишон диҳад, ки муҳорибон, ё худ куштигирон ҳам метавонанд, романтикӣ бошанд ва ба иҷрои суруди “Леди дождя”-и овозхон Александр Панайотов пардохт.  

Дар барномаи “Ну-ка, все вместе”, иштирокчӣ бояд бо сурудхонияш 100 довар - асосан ситораҳои шоубизнеси Русияро моил кунад, ки бархезанду ҳама якҷоя суруд хонанд.  Ҳар қадар довари бештар бо иштирокчӣ ҳамовозӣ кунад, ҳамон қадар холи бештар мегирад.

Фахриддин Ҳакимов дар  барнома аз 100 холи имконпазир 91 холро ба даст овард.  

“Дар барномаи мо, холҳои бештарро ҳам гирифта буданд, аммо чунин гарм аз касе истиқбол накардаанд. Шояд ин ба фаъолияти касбият рабт дорад”, - шӯхиомез ба варзишкор будани Ҳакимов ишора намуд Николай Басков.

Сергей Лазарев, овозхони шинохтаи Русия ва сардовари барнома низ аз Ҳакимов ва овозаш тавсиф карда, изҳор дошт, ки сафи сарояндаҳо бо овози ширин афзоиш ёфт.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ