21:02 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Видео

Сюрпризи бобо ва гиряи ҷонсӯзи набера -видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
712 0 0

Ба писараке саг туҳфа карданд. Ӯ аз туҳфаи гирифтааш ҳаяҷонзада шуду ашкҳояш равон шуданд

Ин навор корбарони интренетро низ ҳаяҷонзада кард. 

Ҳодиса дар Лондон ба вуқӯъ пайваст. Ҷенсен Стюарт аз туҳфаи бобояш-сагчаи сиёҳ, ҳаяҷонзада шуда гирён шуд. Волидони писарча ин ҳолатро ба навор гирифтанд.

Аз навор дида мешавад, ки Ҷенсен аз мактаб баргашта ба ҳуҷрааш медарояд. Дар дохили ҳуҷра бобояш ӯро бо туҳфа интизор аст. Вақте Ҷенсен медарояд, бобояш қуттиро бароварда мегӯяд барояш сюрприз омода кардааст ва ба ӯ ишора мекунад, ки онро кушояд.

Ҷенсен қуттиро кушода ба чашмонаш бовар намекунад ва хеле шод мешавад. Бобояш мегӯяд, ки сагча дар хонаи бибияш меистад ва Ҷенсен ҳар боре, ки хоҳад метавонад аз ӯ муроқибат кунад.

Дар ҳамин ҳол Ҷенсен бисёр ҳаяҷонзада мешавад ва ашк аз чашмонаш ҷорӣ мешавад.

Аз афташ доштани сагча орзуи деринаи Ҷенсен буд. 

Ӯ дарҳол эълон кард, ки сагчаро "Рафиқ Элф" ном мегузорад.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ