Дидилагии гурбача ва дарси ҷасорати гурбаи "сангдил" - видео

Обуна шудан
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки дар он гурбаи бузург аз бетоқатӣ ба гурбача дарси ҷасорату ирода медиҳад

Соҳиби ин ду ҳайвони хонагӣ ҳолатеро сабт кардааст, ки дар он гурбача бояд аз болои қутии бузург ба даруни қутии хурд меҷаҳид. Гарчанде баландии бузурге дар он ҷо нест, гурбача ҳозир нашуд, ки даррав ҷаҳад ва чанд муддат дармонд.

Дар ҳоле, ки гурбача дар ҳолати дудилагӣ  қарор дошту муайян набуд, ки ин ҳолат то кай давом хоҳад кард, гурбаи бузург тоқаташро аз даст дод. Гурбаи калон бо каме тела додани гурбача, ӯро дар қутии  хурд ҷой кард.

Зоҳиран гурбача ҳам аз чунин сурат гирифтани кор хушҳол буд, чун калавиданҳои тӯлонияш бо як ҳаракати гурба анҷом ёфтанд.  

Навори мазкурро дар Facebook  ҳудуди 1,6 миллион бор тамошо карда,  100 ҳазор нафар писандидаанд. Бархе аз корбарон гурбаро дар сангдилӣ ва истифодаи шеваи сахти тарбия муттаҳам кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0