21:14 15 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Видео

Панҷ соли иттиҳод: бурду бохти Иттиҳоди иқтисодии Уросиё-видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
241 0 0

Созмони байналмилалии Иттиҳоди иқтисодии Уросиё 5-умин солгарди таъсисёбиашро таҷлил мекунад

Соли 2019 аз созмон ёфтани Иттиҳоди иқтисодии Уросиё панҷ сол пур мешавад. 29 майи соли 2014 дар шаҳри Нурсултон кишвардорони Русия, Беларус ва Қазоқистон Шартнома дар бораи созмони Иттиҳоди иқтисодии Уросиёро имзо карданд.

Каме баъд ду кишвари дигар, Арманистон ва Қирғизистон ҳам ба иттиҳод пайвастанд. 

Соли 2017 бошад Молдова ба ҳайси нозири ИИУО шинохта шуд.

"Иттиҳоди интегратсионие ки мо созмон медиҳем, барои рушди иқтисоди мо кумак мекунад, ин ҳадафи аслии рушди мо мебошад",-изҳор дошт президенти Русия Владимир Путин.

Имрӯз созмони Иттиҳоди иқтисодии Уросиё ин тақрибан-200 миллион мардум ва 14 дарсади хушкии замин аст.

Соли 2018 иқтисоди ин созмон то 2,5%, боло рафту ҳамаи кишварҳои аъзо, нашондиҳандаҳои иқтисодии худро чанд маротиба боло бурданд.

Ҳаҷми савдои берунаи иттиҳод, то 18 дарсад боло рафту 753,4 миллиард долларро ташкил дод.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ