Муфтӣ Аляудинов, аз мусалмонон даъват кард, ки барои дигарон намунаи ибрат бошанд-видео

Обуна шудан
Муфтии Маскав Илдар Аляутдинов тамоми мусалмононро ба Иди Фитр табрик гуфт

“Аз Макка шуморо ба Иди Фитр табрик мегӯям. Аз номи мусалмонони Маскаву Русия ҳар яки шуморо ба хусус тамошобинони шабакаи Sputnik-ро табрик мегӯям”- гуфт муфтӣ.

Инчунин вай афзуд, моҳи шарифи Рамазон сипарӣ шуд, аммо бояд дарк намоем, ки дар назди мусалмонон вазифаҳои зиеде гузошта шудааст.

“Муҳим он аст, ки вазифаҳои дар пеш истодаро дарк намуда, дар зиндагии худ онро ба таври шоиста ба анҷом расони то сазовори бахшиши худованд шави. Барои мо ҳамчун мусалмон муҳим он аст, ки ҳамеша ва дар ҳамаҷо намунаи ибрат бошем, то дигарон дар симиои мо шахси арзандаеро бинанд, ки паёмбар Муҳаммад(с) ва китоби Қуръон фармудааст”- таъкид намуд муфтӣ.

Празднование Курбан-Байрама в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Намози Иди Фитр бо иштироки ҳазорҳо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав баргузор шуд

Имрӯз 4 июни соли равон мусалмонони Русия Иди Фитро ҷашн гирифтанд.

Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусулмонон аст, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, пас аз поёни моҳи рамазон баргузор мешавад.

Ин ҷашни муборак пас аз анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз мардум либосҳои тоза ба бар намуда, ба ҳамдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки мардуми Тоҷикистон мувофиқи қонун "Дар бораи рӯзҳои истироҳатӣ" дар ин рӯз истироҳат мекунанд. Тамоми мусулмонони ҷаҳон дар ин рӯз ба хонаҳои ҳамдигар ба меҳмонӣ рафта ба якдигар сулҳу салоҳ таманно мекунанд.

Иди Рамазон дар кишварҳои мусулмоннишин аз як то се рӯз қайд карда мешавад. Дар рӯзи аввал мардум бо либоси тоза ба масҷидҳо рафта намози ид мегузоранд. Дар рӯзҳои баъдӣ бошад дастархони идона ороста ба хонаҳои ҳамдигар ба меҳмонӣ мераванд.

Лентаи хабарҳо
0