18:20 24 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Видео

"Ҳама маст буданд": бозпурсии тоҷикони боздоштшуда дар Маскав-видео аз СИЗО

Гирифтани линки кӯтоҳ
4523 0 0
Youtube / Новости HD

Дар интернет навори бозпурсии чаҳор гумонбар дар куштори варзишкори рус Чуев, нашр шудааст

Дар навор муфаттиш аз шаҳрвандони Тоҷикистон қазияи кушторро пурсон мешавад.

Чуноне яке аз гумонбарон нақл кард, дар рӯзи куштор гурӯҳи ҷавонон иборат аз шаш нафар 40 дона оби ҷав харидаанд.

"Ҳама маст буданд",-афзуд гумонбари дигар.

Ба гуфти гумонбари дуюмӣ ҷанҷол аз рӯи духтаре сар задааст.

"Мо дар боғ сайр мекардем. Якеашон хеле маст буд. Мумкин ки яке аз онҳо ба духтар расид. Аз рӯи ин ҷанҷол бархост",-нақл кард гумонбар.

Ӯ иқрор шуд, ки Чуевро зада буд.

Ӯ қайд мекунад, ки айни ҳол дар Маскав ҷое кор намекунад ва доғи судӣ надорад.

Гумонбари сеюмӣ низ иқрор шуд, ки пеш аз ҷанҷол ҷавонон оби ҷав нӯшида буданд. Ӯ мегӯяд, ки яке аз рафиқонаш Чуевро шаллоқ зад.

Гумонбари чорумӣ зимни бозпурсӣ изҳор дошт, ки кӯшиш карда буд, ҷанҷолро боз дорад.

"Ман ба ӯ (ба рафиқаш-шарҳ аз идора) гуфтам, ки даркор нест. Ман ба ӯ гуфтам, бахшиш ӯ каме маст аст. Ман аз номи ӯ бахшиш пурсидам, вале ӯ мегуфт ман мезанам, мезанам. Вақте ман ӯро сар додам (рафиқашро), ӯ аз наздам рафт",-ба ёд меорад боздоштшуда.

Қаблан дар шаҳри Маскав чаҳор шаҳрванди аз 24 то 29-солаи Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар қатли Сергей Чуев дастгир карданд.

Чуев, устоди варзиш дар куштии юнониву румӣ шаби 7 июн, тақрибан соати 23:00 дар минтақаи ҷанубу ғарби пойтахти Русия кушта шуд.

Ба гуфтаи шоҳидон, дар пайи як муноқиша як гуруҳи ҷавонон варзишкори 34-соларо ба кӯл партофтаанд. Ташхис нишон додааст, ки Сергей Чуев дар зери об дамгир шудааст. Тафтишот бар ин аст, ки куштори варзишкор дар заминаи авбошӣ сурат гирифтааст.

Кормандони ФСБ ва ВУД-и Русия дар як амалиёти муштарак афроди гумонбар дар қатли куштигир Сергей Чуевро дастгир карданд.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ