04:09 16 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Видео

66-солагии Ҷинпин: яхмоси Путин ва меҳмондории Ҷинпин бо меваҳои тоҷикӣ-видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
1829 0 0
Youtube / RT на русском

Си Ҷинпин 15 июни соли 1953 дар Пекин таваллуд шудааст. Президенти Русия Владимир Путин ҳамтои чиниашро дар Душанбе ба муносибати 66-солагиаш шодбош гуфт

Президенти Русия Владимир Путин субҳи имрӯз дар Душанбе  то оғози расмии нишасти бузург роҳбари ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпинро бо зодрӯзаш табрик карду ва ба ӯ яхмоси истеҳсоли Русия "Пломбир" тӯҳфа кард.

Дар навбати худ Си Ҷинпин ба ҳамтои русаш изҳори миннатдорӣ карда, гуфтааст, ки Путин дар Чин хеле машҳур аст.

Ба гуфтаи сухангӯи президенти Русия, Песков, Путин ба Ҷинпин яхмоси русӣ ҳадя кардааст, ки хело ба роҳбари Чин писанд омадааст.

Аз навор дида мешавад, ки дар навбати худ Ҷинпин ҳам ба Путин ҳадя пешниҳод карда ба ӯ изҳори миннатдорӣ кардааст ва бо меваҳои тоҷикӣ аз қабили олую зардолу Путинро меҳмондорӣ кардааст.

Дар меҳмонии Эмомалӣ Раҳмон: шоми амирон дар Тоҷикистон чӣ гуна гузашт?

Тавре котиби матбуоти Кремл афзуд, Путин изҳори боварӣ намудааст, ки муносибатҳои хуби ду кишвар дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.

Си Ҷинпин 15 июни соли 1953 дар Пекин таваллуд шуда, аз соли 2012 роҳбарии Чинро бар ӯҳда дорад.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ