18:14 23 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Видео

Духтари чинӣ аз хамир тарбузу, банану лиму омода мекунад – Навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
188 0 0
CGTN

Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро ҳунар ва тарзи омодасозии хуришҳои қандию нонии духтари чинӣ дар шакли меваҷотҳо ба ҳайрат гузоштааст

Дар Чин катбонуе, ки ба пухтупази хӯришҳои нонӣ машғул будааст, бо ҳунару маҳорати самимияш мизоҷонашро дар ҳайрат гузоштааст. Касе аз мизоҷони дуконаш ҷуръат пайдо карда, ӯро ба навор гирифтааст.

Духтари чинӣ хӯришҳоро дар шакли меваю сабзавот омода месозад. Катбону шириниҳоро дар шакли, банан, мандарин, картошка ва тарбуз таёр мекунад.

Дар навор дида мешавад, ки вай чӣ гуна меваю сабзавоти омода кардаашро мешиканад ва қисмҳои онҳоро нишон медиҳад. Аз дохил маълум мешавад, ки онҳо ширинӣ ҳастанд, аммо дохилҳояшон, низ мувофиқ ба меваю сабзавот омода шудаанд ва пай бурдани онҳо на он қадар осон аст.

Баъзе аз истифода барандагони шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳ додаанд, ки катбону дар омодасозии хӯришҳо дар шакли картошкаю банан муваффақ шудааст, аммо тарбуз на он қадар ба аслаш монанд аст, чунки дохилаш зиёд сурх карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро навори як духтари чинии дигар дар ҳайрат гузошта буд. Духтари чинӣ бо суръати қувваи барқ пулро ҳисоб мекунад ва ҳамагӣ дар яқ дақиқа 7 баста пулро ҳисоб мекунад.

Барчаспҳо:
ҳунарманд, ҳунар, навор, духтар, Чин

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ