18:13 23 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Видео

Манзили доишӣ: ФСБ навори хонаи як узви ДОИШ-ро нашр кард - Видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
179 0 0

Ҷавоне, ки узви гурӯҳи террористии ДОИШ будааст, нақша доштааст дар Русия инфиҷор ба амал орад. ФСБ аз манзили ӯ парчами ДОИШ, адабиёти террористӣ ва маводҳои химикиро пайдо кардааст, ки ҷавон аз он мехост дастгоҳи худсохти мунфаҷир созад

Хадамоти федералии амнияти Русия навореро мунташир кард, ки дар он манзили як доишие дар Саратов нишон дода мешавад. Ин ҷавони узви гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Русия мехостаанд дар яке аз маконҳои серодами Саратов инфиҷор ба амал орад.

Навор аз лаҳзае сар мешавад, ки қувваҳои вижаи ФСБ гаражи гумонбаршавандаро мешикананд. Сипас онро аз назар мегузаронанд.

"Аллакай кушта шудааст", - шунида мешавад овози корманди ФМБ дар навор.

Ҳамчунин дар навор дида мешавад, ки дар манзили ин узви ДОИШ силоҳ, маводҳои кимёвӣ барои омода кардани дастгоҳи  мунфаҷир ва парчами ДОИШ ба назар мерасад.

Ҳамчунин дар лаҳзае чеҳраи худи ҷавони доишӣ нишон дода мешавад.

Ин узви гурӯҳи террористӣ, ба иттилои ФСБ, безарар гардонида шудааст.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ