00:14 21 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Видео

Синнам ба як ҷой расид: насиҳати Эмомалӣ Раҳмон ба набераҳояш - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
370 0 0

Дар ноҳияи Сангвор ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баъди мулоқоташ ба фаъолону роҳбарон нигораи модарашро тӯҳфа карданд

Тавре дар наворе, ки шабакаи аввали Тоҷикистон аз ин мулоқот нашр кардааст, дида мешавад, ин тӯҳфа хело ба раисҷумҳур писанд омадааст ва кишвардор пас аз дидани он аз модараш ёд меорад.

"Сабабгори хондани ман ҳамин модари ман аст, падарам намемонд. Мегуфт, ки ман танҳо мемонам. Модарам гуфт, ки ба ҷои писарат ҳам ман кор мекунам, аммо ба бачам дуо деҳ, ки равад хонад", - ба хотир меорад президент.

Раисҷумҳур таъкид мекунад, ки "ҳоло синну соли ӯ низ ба ҷое расидаасту доим ба фарзандонаш таъкид мекунад, ки ба қадри падару модар расанд".

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Беларуси Александр Лукашенко
Пресс-служба президента Таджикистана

"Модар чизи азиз аст, вақте ҳастанд падару модар ба қадрашон намерасем, ман ҳамон қадар кардам, вале имрӯз мегӯям, ки чизе накардам, ҳама чиз дар дастам буд, вале ба падарам ва модарам нигоҳ карда натавонистам, ба кӯдаконам мегӯям, набераҳоям мегӯям, ки манро натавонистед, модаратонро нигоҳ кунеду дуо гиред. Ҳамин аст, ба ҳамамон дахл дорад, дуои неки падару модара гирифтан даркор", - таъкид мекунад вай.

Тӯҳфаро бисёр зебо кардаст, қариб асл, меафзояд раисҷумҳур ба акс нигариста.

"Модарам ба ман маслиҳат медоданд. Мисли академик буданд, сухане ки модар ба фарзанд мегӯяд, на занат мегӯяд, на духтараат мегӯяд ва на писарат мегӯяд, на набераву абераат нагӯяд", - мегӯяд пурэҳсос Эмомалӣ Раҳмон.

Барчаспҳо:
падару модар, модар, фаъолон, сокинон, мулоқот, Тавилдара, Сангвор, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ