Ёдгор Файзовро дар Сағирдашт бо шеърхонӣ пешвоз гирифтанд - видео

Обуна шудан
Раиси ВМКБ мардуми дурдасттарин ҷамоати вилоят - Сағирдаштро бо Рӯзи Ваҳдат муборакбод гуфт

Дар ин бора сухангӯи раиси вилоят Ғолиб Ниятбеков хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки  раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба хотири 22 солагии ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон табрик намудани сокинони дурдасттарин ҷамоати Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ба ҷамоати деҳоти Сағирдашт рафт.

Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане  Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ёдгор Файзов: аҷдодони мо танҳо як сарватро гиромӣ доштанд

Дар Сағирдашт раиси вилоятро бо нону намак ва шаърхонӣ пешвоз гирифтанд.

Ёдрас мешавем, ки раиси вилоят Ёдгор Файзов дирӯз ба муносибати Рӯзи Ваҳдат дар шаҳри Хоруғ суханронӣ карда, гуфт, ки Ваҳдату Истиқлолият барои миллати тоҷик беҳтарин ва бузургтарин неъмат буда, дар он наҷоти воқеии миллат таҷассум ёфтааст:

"Аҷдодони мо ҳанӯз аз давраҳои пеш танҳо як сарвати бебаҳоро гиромӣ доштанд, ки он тинҷию оромӣ ва ваҳдати комил аст. Мо ҳам дар навбати худ масъулем, то ин неъматро беолоишро ба наслҳои баъдина расонем",-таъкид кард, Файзов.

Лентаи хабарҳо
0