"Қиссаи танҳоӣ"-и Нигора Холова пас аз чанд муддати хомӯшӣ - Видео

Обуна шудан
Нигора Холова пас аз чанд муддати канор мондан аз саҳна, намоҳанги тозае сабт кардааст. "Қиссаи танҳоӣ"-и Эҳсони Аъзамиён дар оҳанги Даврони Раҳматзод таронаи зебое дар иҷрои Нигорабону гаштааст

Ҳунарманди ҷавони тоҷик Нигора Холова пас аз чанд муддати хомӯшӣ намоҳанги наверо пешниҳоди мухлисонаш кардааст.

Шеъри "Қиссаи танҳоӣ"-и Нигора Холова ба Эҳсони Аъзамиён тааллуқ дошта, оҳангашро Даврони Раҳматзод эҷод кардааст.

Дар навори клип бародари Нигора - Суруш Холов низ намудор мешавад. Ӯ пианино менавозад.

Намоҳанги мазкурро канали “AZIM Production” дар YouTube нашр кардааст.

Пештар дар бораи намоҳанги нави бонуи дигари эстрадаи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева хабар дода будем. Зулайхо таронаи Аҳмад Зоҳир, ҳунарманди шаҳири Шарқро бозхонӣ карда, бо клипи зебое пешниҳоди бинандагон карда буд.

Лентаи хабарҳо
0