13:55 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Видео

Сӯхтори бузург дар бозори Фархор: касе натавонист хомӯш кунад - Видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
1402 0 0

Тавре шоҳоди ҳодиса дар навор мегӯяд, ду мошини сӯхторхомӯшкунӣ барои маҳви оташ ба ҷои ҳодиса расид, афзун бар ин шоҳидон кӯшиш карданд, оташро хомӯш кунанд, аммо аланга хомӯш намешуд

Шоми 5 июл дар бозори "Билол"-и ноҳияи Фархор сухтор сар задааст.

Оташ дар муддати кӯтоҳ тамоми бозорчаро фаро гирифтааст. Шоҳиди ҳодисаи мазкур сӯхторро ба навор гирифтааст.

"Бозорчаи "Билол" сӯхта истодааст. Ду мошини сӯхторхомӯшкунӣ ба ҷои ҳодиса расид, аммо оби мошинҳо ба анҷом расидаасту сӯхтор идома дорад. Одами зиёде ҷамъ омадааст, қисме аз онҳо сӯхторро ба навор мегиранд ва қисме кӯшиш доранд оташро хомӯш кунад, аммо хомӯш кардани аланга ба касе даст намедиҳад", - шарҳ медиҳад шоҳиди ҳодиса.

Тавре дар навор гуфта мешавад, ду мошини сӯхторхомӯшкунӣ барои маҳви оташ ба ҷои ҳодиса расид, афзун бар ин шоҳидон кӯшиш карданд, оташро хомӯш кунанд, аммо аланга хомӯш намешуд.

Феълан оташ хомӯш карда шудааст, аммо хисороти молии он маълум нест.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ