20:40 05 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15

Дар размоишгоҳи Алабинои вилояти Маскав, сабқати байналимилалии "Биатлони танкӣ" давом дорад

Рӯзи чоруми сабқат, дастаҳои Қазоқистон, Сурия, Винисуэлла ва Муғулистон байни ҳам рақобат мекунанд.

Бори нахуст сабқати "Биатлони такнӣ бо пешниҳоди вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу, соли 2013 баргузор шуд.

Сабқати "Биатлони танкӣ" аз 3 август оғоз шуда то 17 ҳамин моҳ идома хоҳад кард. Мусобиқаҳо дар 10 кишвари дунё: Озарбойҷон, Арманистон, Эрон, Ҳиндустон, Белорусия, Қазоқистон, Чин, Муғулистон, Русия ва Узбакистон баргузор мешавад.

Бозиҳои байналмилалии АРМИ - 2019 дар даҳҳо кишвари дунё баргузор мешавад. Давоми ду ҳафтаи оянда дар чорчӯби ин бозиҳо баргузории 31 сабқати байналмилалӣ дар назар аст.

Шикасти Кувайт ва рекорди нави тоҷикон дар “Биатлони танкӣ”

Имсол бозиҳои ҷашнӣ буда, АРМИ, бори панҷум баргузор мешавад ва дар ин сабқат 220 даста байни ҳам рақобат мекунанд.

Дастаи Тоҷикистон имсол дар размоишгоҳи Алабинои вилояти Маскав ва дар вилояти Псков ҳунарнамоӣ мекунад.

Соли гузашта дастаи Тоҷикистон дар бозиҳои АРМИ хуб ҳунарнамоӣ карда буд, вале ба даври нимниҳоӣ роҳ наёфт.

Барчаспҳо:
биатлони танкӣ, Биатлони танкӣ, Тоҷикистон, Русия, сабқат

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ