00:52 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Видео

Танкронии сарбозони тоҷик: пахши мустақим аз сабқати “Биатлони танкӣ” тамом шуд

Гирифтани линки кӯтоҳ
130 0 0
© Sputnik / Евгений Биятов

Дар размоишгоҳи Алабинои вилояти Маскав, сабқати байналимилалии "Биатлони танкӣ" идома дорад

Имрӯз дастаҳои Кувайт ва Тоҷикистон байни ҳам боз рақобат хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки пештар дастаи танкронҳои Тоҷикистон дар VI сабқати байналмилалии "Биатлони танкӣ", рекорд заданд.

Дар рӯзи чаҳоруми мусобиқа дастаи Тоҷикистон бо роҳбарии лейтинанти калон Собирҷон Кабутов беҳтарин вақтро нишон додааст. Зиреҳсаворони тоҷик масофаро дар 26 дақиқаву 30 сония сипарӣ карда, бо беҳтарин натиҷа мақоми аввалро ба даст оварданд.

Дар VI сабқати байналмилалии "Биатлони танкӣ" сарбозони тоҷик дар тирандозиву тезронии танк дастаи танкронҳои Кувайтро шикаст доданд.

Зиреҳсаворони Тоҷикистон дар бахши тирандозӣ ба натиҷаи хубе ба даст оварданд. Ин бор аз се тир ду тирҳояшон ба ҳадаф расид.

Дастаи Кувайт дар бахши тирандозӣ натиҷаи хубе ба даст наоварданд. Ҳеҷ як тирҳояшон ба ҳадаф нарасид.

Бори нахуст сабқати "Биатлони такнӣ бо пешниҳоди вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу, соли 2013 баргузор шуд.

Сабқати "Биатлони танкӣ" аз 3 август оғоз шуда то 17 ҳамин моҳ идома хоҳад кард. Мусобиқаҳо дар 10 кишвари дунё: Озарбойҷон, Арманистон, Эрон, Ҳиндустон, Белорусия, Қазоқистон, Чин, Муғулистон, Русия ва Узбакистон баргузор мешавад.

Бозиҳои байналмилалии АРМИ - 2019 дар даҳҳо кишвари дунё баргузор мешавад. Давоми ду ҳафтаи оянда дар чорчӯби ин бозиҳо баргузории 31 сабқати байналмилалӣ дар назар аст.

Имсол бозиҳои ҷашнӣ буда, АРМИ, бори панҷум баргузор мешавад ва дар ин сабқат 220 даста байни ҳам рақобат мекунанд.

Дастаи Тоҷикистон имсол дар размоишгоҳи Алабинои вилояти Маскав ва дар вилояти Псков ҳунарнамоӣ мекунад.

Соли гузашта дастаи Тоҷикистон дар бозиҳои АРМИ хуб ҳунарнамоӣ карда буд, вале ба даври нимниҳоӣ роҳ наёфт.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ