00:52 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Видео

Гузориши мустақим аз маросими Ҳаҷ - навори зинда

Гирифтани линки кӯтоҳ
410 0 0

Маросими Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ оғоз шуд

Миллионҳо мусалмон аз саросари ҷаҳон рӯзи 9-уми август адои маросими Ҳаҷро дар Арабистони Саудӣ оғоз карданд.

Миллионҳо мусалмон дар тӯли панҷ руз чандин русуми Ҳаҷ, аз ҷумла ҳафт бор тавофи Каъба, намозу дуо дар кӯҳи Арафот ва сангандозӣ ба шайтонро анҷом медиҳанд.

Ҳаҷ аз панҷ рукни Ислом аст, ки ҳар мусалмони тавонманд бояд як бор дар тӯли ҳаёташ анҷом диҳад.

Парвози нахустини зоирини тоҷик тариқи ширкати "Сомон Эйр" мазкур 22- юми июли соли равон оғоз ёфта, охирин парвоз 2–юми август сурат гирифта буд.

Дар арафаи Иди Қурбон беш аз ҳазор зиндонӣ авф мешаванд

Ёдрас мешавем, ки ҳар сол аз Тоҷикистон ҳазорҳо нафар ҳаҷ мекунанд. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон, соли равон арзиши адои Ҳаҷ барои як нафар 35 ҳазору 128 сомониро ташкил хоҳад дод.

Кумита тавзеҳ додааст, ки ба маблағи зикршуда хароҷоти чиптаи ҳавопаймо аз ду тараф, иқомат ва будубош дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо ғизо дар давоми мавсими ҳаҷ шомил мебошад.

Эълони санаи дақиқи Иди Қурбон дар Русия

Инчунин ба маблағи зикршуда таъмини роҳбаладони соҳибтаҷриба ва забондон барои ҳар як гурӯҳ дар тӯли сафари ҳаҷ, иқомат дар Мино, Муздалифа ва Арафот, пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда – Макка – Мино – Арафот – Муздалифа – Мино – Макка – Мадина, пардохти маблағи ширкатҳои хизматрасон дар Арабистони Саудӣ, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо бейҷикҳо, маълумотномаҳо ва китобчаҳо дар бораи ҳаҷ ва  таъмини ҳоҷиён бо ҷузвдон низ дохил мебошад.

Барчаспҳо:
Арабистони Саудӣ, маросим, ҳаҷ, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ