10:40 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Видео

Ваъдаи Мансур барои иҷрои суруди тоҷикӣ: мусоҳиба бо Ҷаъфарӣ дар Душанбе - Видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
465 0 0

Овозхони номӣ Мансур Ҷаъфарӣ барои ҳунарнамоӣ дар Ҷашнвораи тобистона ба Душанбе омад ва бо ҳаводораш суҳбат кард

Сарояндаи машҳур, шоми 15 август аз ИМА ба Душанбе расид. Рӯзи баъдӣ, Мансур савори автобуси дуошёна дар кӯчаҳои Душанбе сайру гашт кард.

Пасон овозхон аз маҷмааи "Кохи Наврӯз" боздид намуд ва дар боғи Айнӣ бо рӯзноманигрон гуфтугӯ кард.

"Хеле хушҳолам, ки дар Душанбе ҳастам. Хеде хушҳолам, ки дубора ба ин шаҳри бисёр зебо ва кишвари меҳрабон сафар кардам. Имрӯз албоми ҷадиди ман пахш мешавад. Иншоаллоҳ дар барномаи рӯзҳои 17-18 август чанде аз сурудҳои ҷадид ва ҳам пешинро ки омода кардаам пешкаши азизон мекунам", - гуфт Мансур ва чанд мисрае аз эҷодиёташро барои мухлисон иҷро кард.

Овозхон изҳор дошт, ки вожаҳои тоҷикиро дӯст медорад ва дар оянда як суруде ба забони тоҷикӣ хоҳад сароид.

Мансур Ҷаъфарӣ рӯзҳои 17-18 август дар Ҷашнвоари тобистона дар "Наврӯзгоҳ" - и Душанбе ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Мансур Ҷаъфарӣ 8 июли соли 1971 дар шаҳри Теҳрон ба дунё омадааст.

Қарори раиси Душанбе барои ташкили ҷашнвораи тобистона

Замони ҷанги Эрону Ироқ хонаводаи Мансур ба ИМА муҳоҷир шуданд.

Фаъолияти эҷодии Мансур аз соли 1991 оғоз шуд. Солҳои аввал Мансур аз ҳисоби мағозаи худ, ки фурӯши телефонҳои мобилиро ба роҳ монда буд, худро сарпарастӣ мекард.

Ҷашнвораи сол бо қарори Эмомалӣ: аз даъвати овозхон Мансур то парвози кураҳо ва нарх

Албоми нахустини овозхон Ferferehayeh Bi Baad писанди ҳамагон шуд ва оғози таърихи мусиқии поп дар Эрон ба шумор меравад.

Пасон Мансур паи ҳам се албоми дигар: Tasvir Akhar (1996), Daricheh (1997) ва Ghayegheh Kaghazi (1998) сабту пешкаши ҳаводоронаш кард.

Авохири солҳои 90-ум  Мансур дар филми America So Beautiful (Амрико бисёр зебо) - и коргардон Бобак Шоҳриён нақш офарид. Ин филм аз ҷониби Ҷашнвораҳои синамои Берлин, Гётеборг, Марокаш ва Лос-Анҷеелес баҳои баланд гирифт.

Дар Тоҷкистон Мансурро бештар бо сурудҳои "Азизи диламӣ", "Дӯстат дорам" ва "Озодӣ" мешиносанд.

Барчаспҳо:
ҳунарнамоӣ, сароянда, Эрон, Амрико, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ