09:56 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Видео

Ашки шодӣ ва рақсу бозӣ: пирӯзии тими Узбакистон дар "Биатлони танкӣ - 2019" - Видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
40110
© Sputnik /

Дастаи танкронҳои Узбакистон дар даври ниҳоии марҳилаи дуюми сабқати "Биатлони танкӣ" аз рақибонашон аз Уганда, Ветнам ва Куба пеш гузаштанд

Пас аз пирӯзӣ дар марҳилаи дуюм, танкронҳои узбак хеле шод шуданд, менависад, Sputnik Узбакистон.

Низомиён ҳамдигарро ба оғӯш кашида табрик мегуфтанд, мерақсиданд ва аз шодӣ ашк аз чашмашон равон шуд.

"Ман бо сухан эҳсосотамро гуфта наметавонам. Офарин ба бачаҳо. Фикр мекунам соли оянда мо дар сафи пеш ҳунарнамоӣ мекунем. Ман бисёр хавотир шудам, вале бачаҳо интизориҳоямонро бароварда карданд", - гуфт раҳбари ҳайати Узбакистон полковник Шавкат Маҳмадҷонов дар суҳбат бо Sputnik.

Танкронҳои тоҷик дар мусобиқаи “Биатлони танкӣ”: беҳтарин лаҳзаҳо дар гузориши аксӣ

Дастаи Узбакистон бори аввал дар сабқати "Биатлони танкӣ" ширкат мекунанд.

Дар ин марҳилаи қувваозмоӣ тимҳои Тоҷикистон, Мянмар, Уганда ва Ветнам барои ҳаққи баромадан ба даври ниҳоӣ рақобат мекарданд. Аммо зимни сабқат тими танкронҳои Тоҷикистон ба дастаи Уганда роҳ надода, бо танки рақиб бархӯрд. Дар натиҷа тими Тоҷикистон барканор карда шуд.

Духтарони танкрон дар мусобиқаи "Биатлони танкӣ" мардонро қоил карданд

Бори нахуст сабқати "Биатлони танкӣ бо пешниҳоди вазири дифои Русия Сергей Шойгу, соли 2013 баргузор шуд.

Сабқати "Биатлони танкӣ"-и соли 2019 аз 3 август оғоз шуда то 17 август идома хоҳад кард. Давоми ду ҳафта дар чорчӯби ин бозиҳо баргузории 31 сабқати байналмилалӣ дар назар аст.

Шикасти Кувайт ва рекорди нави тоҷикон дар “Биатлони танкӣ”

Имсол бозиҳои артишӣ - АРМИ, ҷашнӣ буда, бори панҷум баргузор мешавад ва дар ин сабқат 220 даста байни ҳам рақобат мекунанд.

Дастаи Тоҷикистон имсол дар размоишгоҳи Алабинои вилояти Маскав ва дар вилояти Псков ҳунарнамоӣ мекунад.

Соли гузашта дастаи Тоҷикистон дар бозиҳои АРМИ хуб ҳунарнамоӣ карда буд, вале ба даври нимниҳоӣ роҳ наёфт.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ