Путин дар назди раққоса ба зону зад - Видео

Обуна шудан
Президенти Русия Владимир Путин дар Ҷашнвораи байналмилалии рақси опера ва балети "Херсонес" бо раққосаҳои ҷавон суҳбат кард

Президенти Федератсияи Русия, Владимир Путин дар чорчӯби Ҷашнвораи опера ва балет дар Севостопол аз Академияи хареографӣ боздид карда бо балеринаҳои хурдсол гуфтугӯ кард.

Зане, ки дар назди Путин ба зону зад: президент гуфт, то ҳол шармаш меояд

Аз навор дида мешавад, чӣ гуна духтаракони 6-7 сола Путинро иҳота карда ҳар яке талош дорад бо ӯ суҳбат кунад.

Аксари раққосаҳо дар даст телефон бо президент акс мегиранд ва дар бораи дастовардҳояшон саросема нақл мекунанд.

Яке аз балеринаҳо бо ифтихор нақл кард, ки бо ҷудо машғул аст.

Дар охир Владимир Путин чун марди воқеъӣ дар назди балерина ба зону зад ва дасти ӯро бӯсид.

Лентаи хабарҳо
0