00:00 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Видео

Юлдуз Усмонова ва Шавкат Мирзиёев: ифтитоҳи Ҷашнвораи бузург дар Самарқанд - Видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
706 0 0
© Sputnik / Дильшода Рахматова

Тоҷикистонро дар ин Ҷашнвора овозхонони номдор таҳти роҳбарии Соҳиба Давлатшоева муаррифӣ мекунанд

Дар шаҳри Самарқанд маросими ифтитоҳи XII-умин Ҷашнвораи "Таронаҳои шарқ" баргузор шуд.

Маросими ифтитоҳи Ҷашнвораро дар навори Sputnik Узбакистон тамошо кунед. 

Бори аввал дар ҷашнвораи мазкур дар қатори аъзои ҳакамон аз 10 давлати дунё аз Тоҷикистон мусиқишинос, доктори илми санъатшиносӣ, узви Иттифоқи оҳангсозони тоҷик Аслиддин Низомов низ ширкат мекунад.

Дар ин Ҷашнвора дастаи ҳунармандони Тоҷикистон бо роҳбарии  Соҳиба Давлатшоева ва дигар санъаткорон мусиқии суннатии тоҷикро муаррифӣ  менамоянд.

Ҷашнвораи "Таронаҳои шарқ" аз соли 1997 бо ташаббуси Созмони ЮНЕСКО ва Узбакистон таъсис дода шудааст.

Ҳадаф аз таъсиси ин Ҷашнвора муаррифӣ ва эҳёи мусиқии суннатии халқу миллат мебошад.

Ҷашнвораи мазкур дар ду сол як маротиба танҳо дар шаҳри Самарқанди Узбакистон доир шуда, он  дар саҳни мадрасаи Шердор аз  қисми шаб оғоз меёбад.

Дар фестивали мазкур меҳмонон аз 70 давлати дунё-намояндагони Осиё, Африқо ва Аврупо ширкат меварзанд. Имсол ҳунармандон аз 33 давлат, ба монанди Аргентина, Венгрия, Испания, Корея, Латвия, Миср, Озарбойҷон, Покистон, Сингапур, Чин ва Ҳиндустон санъати суннатии худро муаррифӣ менамоянд ва 29 мусиқии суннатӣ садо медиҳад

Инчунин дар доираи фестивал Конфронси байналмилалӣ  таҳти унвони «Дурнамои рушди мусиқии суннатӣ дар олам» гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки барои иштирокчиёни ҷойҳои аввал 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм 7 ҳазор доллар ва ҷойи сеюм 3,500 ҳазор доллар мукофот муқаррар гардидааст.

Барчаспҳо:
Соҳиба Давлатшоева, Шавкат Мирзиёев, Юлдуз Усмонова, Самарқанд, Узбакистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ