Прездент дар иҳотаи духтарони ҷаззоб тарбуз ҷамъоварӣ кард - видео

Обуна шудан
Президенти Белорус Александр Лукашенко шоми 29 август барои ҷамъоварии тарбуз ба замин рафтааст

Дар ҷамъварии ҳосил ба раисиҷумҳури Белорус кормандони Хадамоти протоколи сиёсӣ ва сухангӯй Наталя Эйсмонт кӯмак карданд. 

Навори ҷамъоварии тарбузро Sputnik Белорус нашр кардааст.

Лукашенко 47,2 гектар замин дошта имсол бори аввал дар он гандум ҳам шинонда шудааст. Тарбуз бошад чанд соли охир бо мувафаққият парвариш меёбад.

Гуфта мешавад, ки имсол тарбуз ҳосилоти хуб надоштааст вале ба ин нигоҳ накарда Президенти Белорус ва дастааш аз замин 20 тонна тарбуз ҷамъоварӣ кардаанд.

Одатан ҳосили ҷамъоварии замини раисиҷумҳур ба хонаҳои кӯдакон ва пиронсолон тақсим карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0