Вазнкашии Ҳабиб ва Пуаре пеш аз UFC 242 : пахши мустақим

Обуна шудан
Варзишкори рус Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва ҳамтои амрикоияш Дастин Пуаре дар маросими вазнкашӣ вомехӯрданд

Муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони UFC  дар вазни сабук ва варзишкори амрикоӣ Дастин Пуаре дар шаҳри Абу-Дабӣ барузор мешавад.

Чествование Хабиба Нурмагомедова в Махачкале - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабиб Пуареро оғуш гирифт: вохӯрии варзишкорон дар Абу - Дабӣ - навор

Мухлисони ҳар ду варзишгар бесаброна муҳорибаи онҳоро, ки рӯзи 8 уми сентябр  дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, мунтазиранд.

Майда-чӯйда не: Падари Ҳабиб маблағи ҳаққи писараш аз рақобат бо Пуареро гуфт

Нурмагомедов мегӯяд, ҳатман рақиби худро мағлуб намуда, камарбанди қаҳрамонияшро дифоъ мекунад.

Зимнан аксари варзишкорони ботаҷриба бар инанд, ки Дастин Пуаре бо Нурмуҳаммадов рақобат карда наметавонад.

Ба андешаи онҳо, Пуаре  малакаи зарбарасонии  хуб дорад, аммо дар рӯбарӯ бо Ҳабиб, бисёре аз варзишгарон  онҳоро аз даст медиҳанд.

Ҳабиб аз Қуръон мисол оварду ҷавонони тоҷикро насиҳат кард - Видео

Бояд қайд намуд, ки Нурмуҳаммадов охирин муҳорибаро октябри соли гузашта бо варзишкори ирландӣ Конор Макгрегер анҷом дода унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабукро ҳифз намуда буд.

Барои пирӯз шудан дар муҳорибаи мазкур Ҳабиб 2 миллион доллари амрикоиро  ба даст овард.

Лентаи хабарҳо
0