Хурд, аммо пур аз ороиш – дукони Тоҷикистон дар ВДНХ-и Маскав чӣ гуна буд? - Навор

Обуна шудан
Шояд бисёриҳо надонанд ва ё дар ёд натошта бошанд, ки дар Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ ва ё ба истилоҳ ВДНХ-и Маскав дуконе ба Тоҷикистон бахшида шуда буд

Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ ва ё ба истилоҳ ВДНХ дар давоми 80 соли мавҷудияташ чандин маротиба шаклашро дигар кардааст. На танҳо шакли зоҳирӣ, балки номҳо ва маконҳои муайяншуда тағйир ёфтанд. Дуконҳо, нест ва барқарору азнавсозӣ шуданд. Хулас, тақдири намоишгоҳ низ ба тақдири худи Шӯравии бузург монанд аст.

Зиёда аз 30 сол зебогии ВДНХ-ро дукони Тоҷикистони Шӯравӣ дучанд мекард.

© © Архив пресс-службы ВДНХПавильон Таджикской ССР на ВДНХ, архивное фото
Хурд, аммо пур аз ороиш – дукони Тоҷикистон дар ВДНХ-и Маскав чӣ гуна буд? - Навор   - Sputnik Тоҷикистон
Павильон Таджикской ССР на ВДНХ, архивное фото

Ҳоло аз дукони Тоҷикистон дар ВДНХ чизе боқӣ намондааст, мутаассифона бинои он дар соли 1965 нест карда шуда буд.

“Аз байн бурдани ин дукони Тоҷикистон дар ВДНХ дар шаб сурат гирифта буд, то ки шаҳрвандони Шӯравиро дар ғафлат наандозанд, ва онҳо ба маҳсулотҳои дуконҳои дигар назар андозанд (он вақт дуконҳои ҷумҳуриявӣ набуданд). Ва бо ҳамин дукони Тоҷикистон аз байн бурда шуд”, - бо таассуф ба  Sputnik Тоҷикистон иброз дошт рӯзноманигор ва фарҳангшинос Амирам Григоров.

Расмҳои боқимонда аз зебогӣ ва оддӣ набудани дукони Тоҷикистон дар ВДНХ шаҳодат медиҳанд. Навсозӣ ва нақшунигори шарқиёна дар якҷоягӣ бо усули мавританӣ ба якдигар хело мувофиқ буданд. Нақшунигор ва дарҳои чубин ба деворҳои бино бисёр мувофиқ буданд.

Ҳайкали “Оилаи тоҷик” ва “Якҷояшавии коргару деҳқон”, ки ба эҷодиёти Антон Лавинский тааллуқ  доштанд, зебогии даромадгоҳи дӯконро дучанд мекарданд.

Ҳайкали дигар, ки дар он замон хеле машҳур гардида буд - ин Сталин ҳангоми дастфишории Мамлакат Наҳангова, пахтачин-духтари тоҷик, ки 10 маротиба аз меъёр зиёд пахта чида буд. Барои такроран қаҳрамони меҳнат гардиданаш худи Сталин ба Наҳангова  ҷоизаи ба номи Ленинро супурда буд.

Ба гуфтаи Григоров, барои тақдим кардани ҷоиза худ Сталин Мамлакатро ба Кремл даъват карда буд. Наҳангова расми Сталинро дар китобҳо ва дигар ҷойҳо дида буд ва ҳангоми дар дохили Кремл дидани Иосиф Васиренович духтарак ҳисиёташро дошта натавониста қарсакзанон ба сӯи ӯ фарёд мекунад: “Ман туро мешиносам, ту Сталин ҳастӣ”. Сталин хандида ба назди ӯ омада дасташро фишурда мегуяд: “Ман ҳам туро мешиносам, ту Мамлакат ҳасти”.

Новобаста аз он, ки дукони Тоҷикистон дар ВДНХ хурд буд, аммо он аз 5 толор иборат буд, ки ҳамаи онҳо бо расмҳо ва дигар чизҳои нодир оро дода шуда буданд. Яке аз чизҳои нодири он толорҳо - ин қолине, ки дар он акси Линин ва Сталин таҷассум ёфта буд, ба ҳисоб мерафт.  Ин қолинро устоҳои чирадасти тоҷик дар охири солҳои 30-ум тайёр карда буданд.

Ҳамин тавр дукони Тоҷикистон мисли Тоҷикистон хурд, аммо пур аз бойгариҳо ва меҳмоннавозона дар ёди мардум боқӣ мондааст.

Дар солҳои 50-ум алакай сохти фаъолияти дуконҳои ВДНХ тағйир ёфтан гирифт. Аз намоиши бойгариҳои минтақаю маҳалҳо ба намоиши дастовардҳои соҳавӣ гузашт. Дукони Латвияи Шӯравӣ намоишгари соҳаи физика, Қазоқистон – Металлургия, Украина – Заминдорӣ буданд. Ба Тоҷикистон бошад намоишгоҳи Фарҳанги Шӯравӣ расида буд, ки ҷумҳурӣ тайи 10 сол ин вазифаи пуршарафро бар дӯш дошт.

Дар соли 1965 хезонидани дуконҳо оғоз шуд. Дар аввал дуконҳои Туркманистон, вилоятҳои марказӣ, Гурҷистон ва ғайраро хезониданд. Баъди як сол Дукони Тоҷикистон низ нест карда шуд.  Ҳоло дар ҷои дукони Тоҷикистони Шӯравӣ дукони Атоми Русия сохта шуда истода аст.

Мутаасифона то ҳол тақдири ҳайкали Мамлакат бо Сталин маълум нест.

Мамлакат Наҳангова бошад дар оянда кори пахтачиниро давом надода, баъди хатми донишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ шуда, дар Донишгоҳи омӯзгории ба номи С. Айнӣ аз забони англисӣ дарс гуфтааст.

© Sputnik / Стас ЭтвешСкульптура таджички у фонтана Дружба народов на ВДНХ
Хурд, аммо пур аз ороиш – дукони Тоҷикистон дар ВДНХ-и Маскав чӣ гуна буд? - Навор   - Sputnik Тоҷикистон
Скульптура таджички у фонтана Дружба народов на ВДНХ

Ҳоло дар ВДНХ Тоҷикистонро танҳо ҳайкали духтари тиллоии назди фаввораи “Дӯстии халқҳо” намояндагӣ мекунад. Рамзи ягонагии кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ то ҳол боқӣ мондааст . Миёни духтарони тиллоӣ, духтари тоҷикро ба осони шинохтан мумкин аст.

Дар соли 2019 фавораи “Дӯстии халқҳо” азнавсозӣ шуда буд ва ҳама духтарҳои тиллоии намояндаҳои кишварҳои аъзо барои навсозӣ хезонида шуда буданд. Ба гуфтаи Департаменти фарҳангии меросии шаҳри Маскав Алексей Емелянова ҳангоми зарҳалкунӣ аз ҳама вақти зиёд духтари тоҷик гирифтааст, ки сабаби ин кокулҳои дарози ӯ, ки мувофиқи анъанаҳои халқӣ 25-то дониста мешаванд, будааст.

Лентаи хабарҳо
0