10:22 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Видео

Маросими супоридани Ҷоизаи меъмории Оқохон дар Қазон - пахши мустақим анҷом ёфт

Гирифтани линки кӯтоҳ
83410

Маросими супоридани Ҷоизаи меъмории Оқохон дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия имрӯз, 13 сентябри соли 2019 баргузор шуд

Ҷоизаи меъмории Оқохон (Aga Khan Awards for Architecture) - соли 1977 аз ҷониби Аълоҳазрат Оқохони чаҳорум бо мақсади дарёфти тарҳҳои нодири меъморӣ дар тамоми гӯшаю канори дунё, роҳандозӣ шудааст.

Ҷоизаи меъморӣ ҳар се сол дар бахшҳои зерин, "Дизайни муосир", "Иншооти ҷамъиятӣ", "Рушди фазои истифодаи умум", "Нигоҳдории иншооти таърихӣ", "Азсаргирии истифодаи иншооти арзиши таърихидошта", "Дизайни ландшафтӣ" ва "Мудернизатсияи фазо", супорида мешавад.

Аълоҳазрат Оқохони IV имрӯз вориди Тотористон мешавад

Ғолибони ин ҷоизаи бонуфуз як миллион долларро миёни худ тақсим хоҳанд кард.

Соли 2019 - миёни барандагони ҷоиза - Тарҳи бозсозии шаҳри Муҳаррак дар Баҳрайн, Тарҳи таълимии "Arcadia" дар Бангладеш, Осорхона дар шаҳри Бирзеити Фаластин, Барномаи рушди фазои ҷамъиятӣ дар Тотористони Федератсияи Русия, ки дар доираи он 328 тарҳи бозсозии боғу гулгаштҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тотористон роҳандозӣ шудааст, муаррифӣ гардидаанд.

Ҳамчунин қисмате аз Донишгоҳи ба номи Алиуна Диопа дар шаҳри Бомбай, Боғи "Wasit" дар шаҳри Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб низ миёни тарҳҳои беҳтарини меъморӣ номбар шудаанд.

Барандагони ҷоизаи Аълоҳазрат Оқохон оид ба меъморӣ муайян шуданд

Имсол кори барандагони озмун аз ҷониби нӯҳ довар аз ҳисоби коршиносон ва меъморони шинохтаи ҷаҳонӣ баҳогузорӣ шудаанд.

Ҷоиза 42 сол боз инҷониб супорида шуда, то имрӯз 122 тарҳ барандаи Aga Khan Awards for Architecture шудааст. Дар умум то соли 2019 барои дарёфти Aga Khan Awards for Architecture беш аз 9 ҳазор тарҳи меъморӣ пешниҳод шудааст.

Барчаспҳо:
Оқохони IV, Қазон, Русия

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ