06:21 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Видео

Ҷузъиёти бархӯрди қатора ба автобус бо 67 мусофир дар Қазоқистон - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
117 0 0

Шоми 15 сентябр, дар вилояти Алмаато дар шоҳроҳи Аксенгир - Шамалган, ронандаи автобус ҳушдори ҷониби қатораро сарфи назар карда ба садамаи мудҳиш дучор шуд

Бино ба маълумоти пешакӣ ронандаи автобуси мусофиркаш ҳушдори қатораро сарфи назар карда ба роҳи қатора баромадааст

Дар паи ин садамаи мудҳиш, ронандаи автобус ҷон бохт. Дар дохили автобус 67 кас қарор доштааст.

Ҳамчунин дар паи бархӯрди қатора ва автобус чанд мусофири автобус ҷароҳатдор шудааст.

Шумораи захмиён муайян карда мешавад.

Миёни мусофирони қатора касе захмӣ нашудааст.

Бино ба гузориши Sputnik Қазоқистон, барои таҳқиқи ин садама комиссияи вижа ташкил шудааст.

Талаби сохтани пул

Сокинони маҳаллӣ аз ҳукумати Қазоқистон талаб доранд, дар ҷои садама пул сохта шавад. Издиҳом дар роҳи қатора ҷамъ шуда мегӯянд, ин ҷо тез тез садама рух медиҳад.

Баъдтар раиси ноҳияи Карасайс Жандарбек Далабаев ба назди мардум, баромадааст. Ба сокинон маслиҳат дода шудааст, ки гурӯҳи вижаеро ташкил кунанд ва ба Ҳукумат бо пешниҳоди сохтани пул муроҷиат намоянд.

Мақомот дар ин росто ду парванда боз кардааст. Яке барои садамаи нақлиётӣ ва дигаре барои истифодаи дурусти роҳи оҳан.

Барчаспҳо:
ҳалокат, бархӯрди худравҳо, қатора, автобус, садама, Қазоқистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ