06:57 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Видео

Навори пурраи рақобати Шакармамад ва Саидҷалол барои шоҳҷоиза

Гирифтани линки кӯтоҳ
147410
© Youtube / JAHON7

Паҳлавони номдори тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар Мусобиқаи куштии миллӣ соҳиби медали тилло шуда, сазовори Шоҳҷоиза-мошини "Мерседес бенс" гардид

Ба ифтихори ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ва дар ҳамкорӣ  бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  15 сентябр дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и  шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба куштии миллӣ баргузор  гардид.

Дар мусобиқаи мазкур мухлисону ҳаводорони  сершумори варзиши тоҷик  ва  паҳлавонони шинохтаи мамлакат, аз қабили  Шакармамад Мирмамадов, Саидҷалол Саидов, Ҳақназар Назаров, Саидҷамол Алимардов, Шоҳрух Амирхонов, Нурулло Неъматов, Саидмухтор Расулов,  Эмомалӣ Камолов,  Ёқубҷон Боқиев  ва дигарон иштирок карданд. 

Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз  10 даста- "Душанбе-1", "Душанбе-2", "Хатлон-1", "Хатлон-2", "Суғд-1",  дастаҳо аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияи Рашт дар ҳайати  калон аз рӯи чор вазн:  -65, -75, — 90 ва +90 кг байни ҳам рақобат   намуданд.

Паёми раиси ВМКБ ба Соҳиба Давлатшоева, Мамадбеков ва Мирмамадов

Саидҷамол Алимардонов  дар вазни 90 кг ҳамаи рақибони худро бо бартарияти хеле калон шикаст дод. Дар финал бо паҳлавони шинохтаи тоҷик Ҳақназар Назаров болои гилеми  гӯштингирӣ баромада, байни ҳам   рақобати ҷолиб  нишон дода, тамоми мухлисонро ба ҳайрат оварданд. Ниҳоят   Саидҷамол Алимардонов  тавонист ҳарифашро мағлуб кунад. Ва  сазовори медали тилло ва 10 ҳазор сомонӣ  шуд.

Паҳлавони номдори тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар Мусобиқаи гӯштини миллӣ, ки дирӯз дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор шуд, соҳиби медали тилло шуда, сазовори Шоҳҷоиза-мошини "Мерседес бенс" гардид.

Шакармамад Мирмамадов дар мусобиқаи куштии миллӣ дар вазни +100 кг бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуд. 

Беҳтарин паҳлавонҳои Тоҷикистон ба мусобиқаи “Baku Grand Slam-2019” мераванд

Дар даври ниҳоӣ бо  варзишгари дигари шинохтаи тоҷик Саидҷалол Саидов  ба майдон  баромад. Онҳо  байни ҳам  хеле ҳунари ҷолиб нишон доданд, ки ин дили ҳазорон мухлисони гӯштини миллиро шоду масрур гардонид.   Ва  ниҳоят   Шакармамад Мирмамадов ғолиби ин мусобиқа ва Саидҷалол Саидов сазовори мақоми дуюм ва 5 ҳазор сомонӣ гардиданд.

Хотиррасон    мекунем, ки айни замон Шакармамад Мирмамадов барои иштирок дар Мусобиқаи Гран-прии Тошканд   омодагии ҷиддӣ дида истодааст.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ