20:20 21 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Видео

Ҳалол! Чигуна Шакармамад рақиби узбакистониашро мағлуб кард - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
18510
Мувирод Мувиродов

Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи байналмиллалии Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо Шакармамад Мирмамадов дар вазни ҷамъ 100 кило рақиби узбакистониашро мағлуб карда, мақоми аввалро соҳиб шуд

Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи байналмиллалии Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг, Соҳиб Қурбонов аз кишвари Узбакистон дар вазни 100 кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни ҷамъ 100 кг пирӯз шудаанд.

Аз навор дида мешавад, чигуна Шакармамад бо усули зебо рақибашро ба пушт хобонда пеш аз анҷоми вақти асосӣ, муҳорибаро анҷом медиҳад.

Даври ниҳоии мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба ҷудо, барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон  рӯзи 5-уми октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд доир шуд.

Дар ин мусобиқа, ба ҳисоби варзишкорони Тоҷикистон, варзишгарон аз кишварҳои Афғонистон, Қазоқистону  Қирғизистон ва Узбакистон иштирок доштанд.

Зимнан ин 7-умин мусобиқаи байналмилӣ  оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Презинденти Тоҷикистон мебошад.

Даври ниҳоии ин мусобиқа аз рӯи вазни 90 кг бо пирӯзии Комроншоҳи Устопириён ба поён расид.

Дар ин сабқат Комроншоҳ бар Саидҷамол Алимардонов аз шаҳри Душанбе вориди сабқат шуда, пирӯз гардид.

Ба ин тартиб дар вазни 100 кг Соҳиб Қурбонов аз кишвари Узбакистон ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100 кг бар рақибони худ ғолиб шуда, дар дари ниҳоӣ вохӯрданд.

Ҳамин тавр, Шакармамад Мирмамадов  дар ниҳоят намояндаи Узбакистонро шикаст дод.

Барои ғолибони  ҷои аввал Ҷом ва 10 ҳазор сомонӣ, барои  ғолибони ҷои дуюм ва сеюм 5 ва 2, 5 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи байналмилалии ҷудои Ҷоми Президенти Тоҷикистон, ки тайи чаҳор рӯз аз 2 то 5 дар шаҳри Хуҷанд давом дошт.

Барчаспҳо:
пирӯзӣ, муҳориба, варзиш, рақобат, ҷудо, Ҷоми президент Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ