11:44 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Видео

Мансур Неъматов ба дасти ронандагони такcӣ ба ниёзмандон маводи ғизоӣ фиристод - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
12410

Продюсери тоҷик Мансур Неъматов бо сад таксӣ ба дасти ронандагон ба қишри ниёзманди ҷомеаи тоҷик маводи ғизоӣ равон кард

Мансур Неъматов, роҳбари ширкати “Tojikon Holiday” ва ҳамсари овозхон Шабнами Собирӣ бо ташкили як маъракаи хайриявӣ рекорди блогери рус - Михаил Литвинро, ки  бо истифодаи 50 таксӣ ин маъракаи хайрияро анҷом дод, шикаст.

Продюсери тоҷик бо истифода аз хизматрасонии 100 худрави ширкати “Рахш Таксӣ” ба беш аз 100 хонаводаи камбизоат ёрии башардӯстона фиристод, ки он аз орд, равған, шакар, картошка, пиёз, доруворӣ ва дигар маводҳои хӯрока иборат буд.

Навори ин маъракаи хайрияро дар саҳифаи “Tajikistan Music Awards” дар шабакаи YouTube давоми ду рӯзи нашраш наздики 200 ҳазор нафар тамошо карда, қисми зиёди мардум аз амали башардӯстонаи Неъматов ҷонибдорӣ кардаанд.

Продюсери тоҷик ният дорад, ки дар моҳҳои минбаъда сафи таксиҳоро бо чунин ёрии башардӯстона то ба 1000 адад бирасонад.

Бархе аз тамошобинон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз он эрод гирифтаанд, ки кори хайрро набояд таблиғ кард, вале Неъматов мегӯяд, чунин корҳои хайрро таблиғ бояд кард, то дигарон низ ибрат бигиранд.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ