Дар Чин пули мошингузар болои мошинҳо чапа шуд - навор

Обуна шудан
Дар Чин пули бетонии мошингузар болои худравҳо чаппа шуд, ки дар натиҷа се нафар ҷони худро аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ҳодисаи мазкур дар шаҳри Уси музофоти Тсзянсу дар қисмати шарқи Чин ба вуқӯъ омадаст. Лаҳза фуру рехтани пул наворгирӣ шуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Покистон бар асари фурӯ рехтани пул 26 нафар аз як хонавода ҳалок шуданд

Ба итилои хабаргузории "Синхуа", аснои фуру рехтани пули мошингузар зери он дасти кам се худрав дармонданд, ки дар натиҷа се нафар ба ҳалокат расиданд.

Бар тибқи маълумоти пешакӣ, иллати фуру рехтани пул аз ҳад зиёд будани бори мошинҳо гуфта мешавад.

Қайд мегардад, ки замони чаппа шудани пул аз болои он мошини боркаш, ки 187 тонна бори номаълумро дошт, гузаштааст.

Андуҳи Эмомалӣ Раҳмон аз фурӯрезии пули Итолиё (ВИДЕО)

Зикр мегардад, ки  бо вуҷуди иҷозат надодан ба ронанда, ӯ аз болои пул гузашт, аммо пулро пурра убур накарда, онро шикаст.

Зимнан ин ронандаи ноуҳдабаро аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Лентаи хабарҳо
0