00:54 23 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Видео

Чигуна Сомон Маҳмадбеков Георгий Элбакиевро шикасту қаҳрамони ҷаҳон шуд - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
42310
© Youtube / VarzishTV

Паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар даври ниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо рақиби русиягӣ Георгий Элбакиевро шикаст доду қаҳрамони ҷаҳон шуд

Чигуна Сомон рақибашро мағлуб кард аз навор тамошо кунед.

Сомон Маҳмадбеков дар даври якуми Қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонон дар вазни 73 кило бар намояндаи Кабо Верде — Семедо Клаудиано бо усули "иппон" дастболо шуд.

Ӯ дар қувваозмоии даври дуюм ҳам бидуни мушкил ҷудочии қирғиз Асад Масабировро шикаст дод. Ҳарифи навбатии варзишгари мо Умаев Абдул Малик аз Белгия низ ба зури бозӯи Сомон тоб оварда натавонист. Сомон Маҳмадбеков ӯро нахуст бо як усули зебо, ки "вазарӣ" баҳогузорӣ шуд, партофта, баъдан ҳарифашро дар рӯи татами 10 сония ба пушт нигоҳ дошта, ба ғалаба муваффақ гардид.

Дар даври ¼- ниҳоӣ Сомон Маҳмадбеков бо варзишгари италиёвӣ Мела Эдоардо неру санҷид. Аз оғози рақобат ин паҳлавони ҷавони тоҷик фаъол буд. Дар ниҳоят талошҳояш самар оварда, пеш аз муҳлат ҳарифро бо ҳамон ҳолати "осейкомӣ" нигоҳ дошта, ғалаба намуд.

"Фарзанди баномуси миллат": паёми шодбошии Ёдгор Файзов ба Сомон Маҳмадбеков

Барои баромадан ба даври ниҳоӣ паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков ба муқобили дзюдочии Австрия Самуел Гасснер ба татами баромад. Дар сонияҳои аввали рақобат Сомон Маҳмадбеков ҳарифро ба тахтаи пушт хобонида, ба финал баромад.

Дар даври ниҳоӣ Сомонро варзишгари рус — Георгий Елбакиев интизор буд. Дар ин рақобат низ Сомон Маҳмадбеков пирӯз шуда, медали тиллои Чемпионати ҷаҳонро ба даст овард.

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия, феълан дар шаҳри Иркутск таҳти раҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин мекунад. Ӯ ҳамеша дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Сомон Маҳмадбеков феълан дар раддабандии ҷаҳонӣ бо 1844 имтиёз дар ҷойи 31-ум қарор дорад. Вай мавқеашро дар раддабандии олимпӣ низ хеле беҳтар кард ва бо 1366 имтиёз дар ҷойи 22-юм мебошад.

Барчаспҳо:
ҷудо, қаҳрамон, шикаст, Сомон Маҳмадбеков

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ