00:53 23 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Видео

Размикори тоҷик ҳамшаҳрии Ҳабиб ва Вейдро мағлуб карда ба финали PFL роҳ ёфт - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
524 0 0
© Youtube / Islom khusainov

Размикори муҳорибаҳои омехта Лоиқ Раҷабов ҳамшаҳрии Ҳабиб Нурмуҳаммадов Ислом Мамедов ва варзишкори амрикоӣ Крис Вейдро дар сабқати PFL - 2019 дар Лас-Вегас мағлуб карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт

Дар даври чорякниҳоӣ Лоиқ бо ҳамшаҳрии размикори машҳури ҷаҳон Ҳабиб Нурмуҳаммадов - Ислом Мамедов ба октагон баромада сабқатро мусовӣ анҷом дод. Вале ҳакамон пирӯзтиро бар варзишкори тоҷик муносиб донистанд.

Сабқати нимниҳоии PFL - 2019 дар Лас-Вегас миёни варзишкори тоҷикистонӣ ва амрикоӣ бо пирӯзии Лоиқ Раҷабов ба анҷом расид.

Варзишкори бошгоҳи "Ахмат" Лоиқ Раҷабов бо қарори ҳакамон (30-27, 30-27, 30-27) варзикори амрикоӣ Крис Вейдро мағлуб кард.

Ин пирӯзӣ ба намояндаи Тоҷикистон даст медиҳад то барои гирифтани 1 миллион доллар дар сабқати PFL 2019 дар вазни сабук қувваозмоӣ кунад.

Дар даври ниҳоӣ Раҷабов бо варзишкори Бразилиягӣ Натан Шюлте рӯзи 31 декабри соли 2019 дар ИМА ба октагон мебарояд.

Лоиқ Раҷабов варзишкори 29-солаи тоҷикистонӣ ва узви бошгоҳ дар шаҳри Грозний мебошад. Ӯ фаъолияти варзишиашро соли 2012 оғоз кардааст ва дар сабқатҳои байналмилалӣӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.

Дар давоми панҷ сол варзишкори тоҷик 13 бор ба октагон баромада, 11 бор пирӯз шудааст.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ