Синамобазми байналмилалии "Дидор" дар Душанбе - навор

Обуна шудан
Дар Тоҷикистон феълан синамобазми байналмилалии "Дидор" ҷараён дорад. Навори зерин бозгӯӣ чӣ сон баргузор шудани ин чорабиниро нишон медиҳад

Мудири Синамобазми байналмилалии "Дидор" Сафар Ҳақдод мегӯяд, чорабинии мазкур то 20 октябр идома ёфта, дар он 57 филми мустанад ба намоиш гузошта мешаванд. Аз ҷумла, 15 филми байналмилалии озмунӣ, 8 филми озмунии тоҷикӣ, 11 филми ғайриозмунии байналмилалӣ ва тоҷикӣ дар намоиш гузошта мешаванд.

Дети на международной выставке Экспо-2019 в Пекине - Sputnik Тоҷикистон
Созишномаи навбатии Тоҷикистону Чин баҳри рушди ҳамкорҳо дар соҳаи синамо имзо шуд

Дар фестивал филмҳои мустанади киноофарони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Озарбойҷон, Русия, Афғонистон, Британияи Кабир, Германия, Ҳолландия, Эрон, Исроил, ИМА, Фаронса, Чехия ва ғайра иштирок менамоянд.

Доктори илмҳои ҳунаршиносӣ, киношинос (Қазоқистон) Г. Абикеева, мудири иҷроияи IRIB MEDIF TRADE оид ба дистрибутсия (Эрон) Алиризо Шоҳрухӣ, наворбардор ва коргардони филмҳои мустанад (Тоҷикистон) Г. Дзалаев ҳакамони фестивал  интихоб гардидаанд.

Фестивал ба поси хотири филмҳои мустанадсози маъруф Мамадқул Арабов бахшида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0