Тоҷикистон ба пеш: бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистону Испания

Обуна шудан
Бозии дуюми мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими Испания шурӯъ гардид, ки ҳамаи мухлисони футболбозони 17 - солаи Тоҷикистон ба пирӯзии онҳо бовар доранд

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон пас аз пирӯзӣ бар тими Камерун, бозии навбатиро бо мунтахаби наврасони Испания оғоз намуданд. Футболбозони навраси тоҷик қаблан бар тими Камерун бо ҳисоби 1:0 дастболо шуданд ва феълан дар гурӯҳи худ садрнишин мебошанд. Ҳоло тими наврасони Испания тавонистанд ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон як гол ворид намоянд.

Бозии тими наврасони Тоҷикистону Испанияро ситоди доварон аз кишвари Салвадор бо роҳбарии Иван Бартон ҳакамӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0