01:43 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Видео

Суханронии Аълоҳазрат Оқохони IV ва Раҳмон дар меҳмонхонаи "Серена" - видеои таърихӣ

Гирифтани линки кӯтоҳ
30610

Меҳмонхонаи панҷситорадори "Серена" - и Душанбе рӯзи 1 ноябри соли 2011 бо ширкати Аълоҳазрат Оқохони IV ва Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд

Ин меҳмонхонаи 9 ошёнаи боҳашамат, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе қомат афрохтааст.

Меҳмонхонаи "Серена" бо харҷи беш аз 266 миллион сомонӣ ва бо меъёрҳои навтарини ҷаҳонӣ дар масоҳати умумии қариб 12 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, дорои 85 утоқи истиқоматӣ, аз ҷумла утоқҳои бузурги барҳаво барои қабули роҳбарони давлатҳо ва меҳмонони дигари воломақом мебошад.

Ғайр аз ин меҳмонхона дорои толорҳои зиёд барои маҷлис, конфронсу семинар ва мулоқотҳои гуногун, маҷмааи варзишию солимгардонӣ, 2 тарабхона, қаҳвахона, чойхона ва дигар шароити истиқомат ва истироҳату фароғат мебошад. Тарабхонаи калон бо 200 ҷойи нишаст ва ҳаммому бисёр утоқҳои варзишию солимгардонӣ дар ошёнаҳои 8, 9 ва ҳавзи калони шиноварӣ дар боми бино ҷойгир шудааст.

Суханронии Аълоҳазрат Оқохони IV ва сохту сози Маркази исмоилия дар шаҳри Хоруғ - видео

Дар маросими ифтитоҳи ин меҳмонхонаи "Серена" ҳамчунин меҳмонони зиёди дохилию хориҷӣ, аз ҷумла корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат доштанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар толори маҷлисии меҳмонхона, ки бо нақшу нигори зебои тоҷикӣ оро ёфтааст, ба Аълоҳазрат Оқохони 4 ва масъулони Созмони Оқохон оид ба рушд барои бунёди чунин меҳмонхонаи зебою муосир ва тадбирҳои зиёди дигар, аз ҷумла муҳайёсозии шароити хуб барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон арзи сипос кард.

Суханронии Аълоҳазрат Оқохони IV ва Эмомалӣ Раҳмон дар маркази исмоилия - видеои таърихӣ

Дар маросими ифтитоҳу муаррифии меҳмонхонаи Серенаи Душанбе, ҳамчунин Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ ва роҳбари бахши рушди сайёҳии Созмони Оқохон оид ба рушд шоҳзода Амин Оқохон суханронӣ намуда, омодагӣ ва ҳавасмандии амиқи худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъкид доштанд.

Суханронии Аълоҳазрат Оқохони IV ва Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими ифтитоҳи меҳмонхони Серена дар Душанбе аз навор тамошо кунед.

Салавот бар Муҳаммад ва оли ӯ: истиқболи исмоилиён ва суханронии Оқохони IV -видеоҳо

Мазҳаби исмоилия дар ҷаҳон беш аз 20 миллион пайрав дорад, ки асосан дар Ҳинду Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои Халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин Амрико, Канада, Бритониё ва Фаронса ба сар мебаранд.

Ҷамоати исмоилии Тоҷикистон, ки умдатан дар Бадахшон зиндагӣ мекунанд, яке аз бузургтарин ҷамоатҳои ин тариқат дар ҷаҳон дониста мешавад. Дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор пайрави исмоилия зиндагӣ мекунанд.

Барчаспҳо:
меҳмонхонаи "Серена", меҳмонхона, Эмомалӣ Раҳмон, Шоҳзода Карим Оқохони IV

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ