Собиқ милиса Урунов дар озмуни Central Asia Got Talent ҳамаро бардошт - видео

Обуна шудан
Собиқ милиса Аббосҷон Урунов дар озмуни Central Asia Got Talent зӯри бозу ва қувваи дандонҳояшро нишон дода ба даври дигари озмун роҳ ёфт

Аббосҷон Урунов иштирокчии озмуни Central Asia Got Talent аз Тоҷикистон мебошад. Солҳои пеш ӯ дар мақомоти қудратии кишвар фаъолият кардааст.

Очередь у входа на кастинг Central Asia's Got Talent - Sputnik Тоҷикистон
“Ҷанг” бас: Алия, донандаи 8-солаи 5 забон суруди “Ҳалилуяҳ” хонд-видео

Вале музди ночиз ӯро водор кардааст, ки тарки касб кунад ва имрӯз дар маркази савдое дар шаҳри Душанбе бо намоиши зӯри бозуи худ барномаҳои ҷолиб баргузор мекунад.

Муъҷиза: Чоршанбе Аловатов бо суруди Далер Назаров доваронро шигифтзада кард - видео

Дар озмуни Central Asia Got Talent Урунов доваронро бо қавииродагии худ дар ҳайрат гузошт.

Ӯ бо дандонҳояш як мардро бардошт.  Ҷое ҳам се мардро якбора бардошта қувваи худро намоиш дод.

Гарчанде зӯри бозуи Урунов на ҳамаи доваронро дар ҳайрат гузошт, вале ҳар чор ҳайати ҳакамон барои дар даври дигар дидани паҳлавони тоҷик розигӣ доданд.

Central Asia's Got Talent - озмуни байналмилаллиест, ки дар беш аз 70 кишвари дунё баргузор шудааст. Ин бор ин озмуни бонуфуз дар чор кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳунар меҷӯяд.

Чоршанбе Аловатов - Sputnik Тоҷикистон
Муъҷиза: Чоршанбе Аловатов бо суруди Далер Назаров доваронро шигифтзада кард - видео

Дар ин озмун ҳар нафаре, ки истеъдоди фавқуллода ё ҳунаре бартар аз дигаронро дорад, метавонад ширкат кунад. 

Ин шоуи телевизионӣ дар пайравӣ ба лоиҳаи маъруфи Britain’s Got Talent роҳандозӣ мешавад.

Мақоми аввали Чоршанбе Аловатов дар озмуни "Bob Music Awаrds 2019"

Ҳунари довталабон аз ҷониби чаҳор довар, намояндагони чор кишвари иштирокчӣ баҳогузорӣ мешавад. Ба ҳайати ҳакамон Нурлан Абдулин - сарояндаи қазоқистонӣ, ровии телевизион, соҳибкор, Ситора Фармонова - ҳунарпешаи кино, ҳофиза ва ширинкори узбекистонӣ, Гулнур Сатилганова -сарояндаи қирғиз, Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Қирғизистон, Аловуддин Абдуллоев - ҳунарпешаи тоҷик, режиссёри филми мустана, ҳунарманди театр дохил шуданд.

Ҷоизаи асосии озмуни Central Asia's Got Talent 260 000 сомониро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0